Дар мактаби №101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрии судманди кормандони милиса бо омӯзгорон ва хонандагону волидони онҳо доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чӣ бояд кард, то шавқу ҳаваси хонандагонро ба китобхонӣ, донишандӯзӣ ва варзиш бедор созем? Баҳри пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, беҳудагардии онҳо аз кадом усулҳои наву муассири таълиму тарбия истифода барем? Нақши оила, мактаб ва ҷомеа дар ин раванд то куҷо таъсиргузор аст?
Баҳри пайдо намудани посух ба ин саволҳо 18 март дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тибқи нақшаи якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ вохӯрии судманди кормандони милиса бо омӯзгорон ва хонандагону волидони онҳо доир гардид.
Мулоқоти мазкур дар доираи баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ-маърифатӣ дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гузаронида шуд.
Зимни мулоқоти кормандони милитсия бо ҳайати омӯзгорону волидон ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ бандҳои алоҳидаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, аз ҷумла, вобаста ба пешгирии амалҳои ношоиста миёни ноболиғону ҷавонон ва ба китобхонӣ, донишомӯзӣ ва варзиш ҷалб намудани намояндагони ин насли ояндасоз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, полковники милитсия Мансур Бухоризода оид ба масоили марбут ба сатҳи ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактабу маориф ва оила изҳор дошт, ки талаботи қонунгузории марбутаи мамлакат, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар баробари волидон ва наздикону пайвандони ноболиғон ҳамзамон масъулияти мақомоту идораҳои дахлдорро низ баланд мебардорад.
Зикр шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш ба масъалаи таълиму тарбия, хусусан аз худ намудани донишҳои замони муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, фанҳои дақиқ ва риёзиву табиатшиносӣ, баргузории чорабиниҳои гуногуни тарғибкунандаи илму дониш, озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҳар гуна маҳфилҳои ҳавасмандгардонии насли наврас дахл карда, чунин изҳор доштанд: «Тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад, ки ин оқибати хуб нахоҳад дошт. Мо бояд барои ғани гардонидани маънавиёти насли наврас тамоми тадбирҳоро андешем».
Дар вохӯрӣ масоили марбут ба пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ ва авбошиву роҳзании ноболиғону ҷавонон низ баррасӣ шуданд. Чанде аз волидони хонандагон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба бо мактабу мақомоти милитсия изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар идомаи вохӯрӣ зикр гардид, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудаанд, ки ин ташаббуси созанда бисёр муҳиму саривақтист. Наврасону ҷавонон, бахусус хонандагони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки вақти пурқимати худро сарфи корҳои беҳуда накарда, дар баробари аз худ намудани барномаҳои таълимӣ, ҳамзамон ҳунарҳои мардумиро низ аз бар намоянд. Бо омӯхтани забонҳои хориҷӣ тавонанд давлати моро ба меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Дар ҷамъомад роҳбари ҷавонони гурӯҳи «Авангард» Фирӯз Қодиров аз хонандагони муассисаи таълимии мазкур хоҳиш намуд, ки дар муносибат бо шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ эҳтиёткор бошанд. Дар вақтҳои зарурӣ аз интернет самаранок истифода бурда, барои ғанӣ гардонидани маърифату фарҳанг ва сатҳи илму донишандӯзии худ саъю кӯшиш намоянд.










ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст






