Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 02.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ аз 16 то 19 март дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис доир мегардад. Мусобиқаи мазкур байни ҷавонону наврасони 10-13 ва 14 -17-сола гузаронида мешавад.
Ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бо мақсади тарғиби тарзу ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасон ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи теннис дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон, муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарони наврас баргузор мешавад. Дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур аз 16 то 19 март дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгароне, ки дар марҳилаи интихобии дуюми мусобиқа дар сатҳи минтақа, вилоят ва шаҳри Душанбе ғолиб гардидаанд, иштирок мекунанд.
Дастаҳои иштирокчӣ:
Ҳайати даста аз 10 нафар варзишгар, 1 мураббӣ ва 1 довар иборат мебошад, ҷамъи умумӣ 12 нафар
- ш. Душанбе – 1 1 даста
- ш. Душанбе – 2 1 даста
- в. Хатлон – 2 1 даста
- в. Суғд 1 даста
Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмиллалии теннис баргузор мегардад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






