Дар Тоҷикистон нақшаи вокуниш ба ҳолати фавқулода дар робита ба COVID-19 таҳия мешавад

Март 10, 2020 16:45

ДУШАНБЕ, 10.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси намояндагии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри  Душанбе нишасти  корӣ вобаста ба таҳияи нақшаи вокуниш ба ҳолати фавуқулода дар робита ба коронавируси навъи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, намояндагони вазорату идораҳо, созмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ, роҳбарону кормандони як зумра муассисаҳои тандурустӣ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода иброз намуд, ки ҳоло бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ситоди ҷумҳуриявӣ фаъолият менамояд. Ҳамзамон тибқи дастури ситоди ҷумҳуриявӣ дар назди ҳама вазорату идораҳои  давлатӣ ситодҳои дохилӣ амал менамоянд. Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ситод аз  23 январи соли равон фаъолияташро ба роҳ мондааст. Иттилоъ дода шуд, ки то кунун сирояти коронавирус дар  113 давлат ба қайд гирифта шуда, 110 ҳазор нафар ба он гирифтор шудаанд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки аз 1 феврал то 9 марти соли равон 1566 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шуданд.

Дар идомаи нишаст вобаста ба паҳлӯҳои гуногуни сирояти коронавирус маърӯзаҳо пешниҳод карда шуданд.

Нишасти мазкур то 12 март идома ёфта, нақшаи вокуниш ба ҳолати фавқулода дар робита ба коронавируси навъи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда хоҳад шуд.

Март 10, 2020 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон