Дар Тоҷикистон нақшаи вокуниш ба ҳолати фавқулода дар робита ба COVID-19 таҳия мешавад
ДУШАНБЕ, 10.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе нишасти корӣ вобаста ба таҳияи нақшаи вокуниш ба ҳолати фавуқулода дар робита ба коронавируси навъи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, намояндагони вазорату идораҳо, созмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ, роҳбарону кормандони як зумра муассисаҳои тандурустӣ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода иброз намуд, ки ҳоло бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ситоди ҷумҳуриявӣ фаъолият менамояд. Ҳамзамон тибқи дастури ситоди ҷумҳуриявӣ дар назди ҳама вазорату идораҳои давлатӣ ситодҳои дохилӣ амал менамоянд. Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ситод аз 23 январи соли равон фаъолияташро ба роҳ мондааст. Иттилоъ дода шуд, ки то кунун сирояти коронавирус дар 113 давлат ба қайд гирифта шуда, 110 ҳазор нафар ба он гирифтор шудаанд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки аз 1 феврал то 9 марти соли равон 1566 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шуданд.
Дар идомаи нишаст вобаста ба паҳлӯҳои гуногуни сирояти коронавирус маърӯзаҳо пешниҳод карда шуданд.
Нишасти мазкур то 12 март идома ёфта, нақшаи вокуниш ба ҳолати фавқулода дар робита ба коронавируси навъи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда хоҳад шуд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






