Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус телефони боварӣ бо рақами 511 фаъол гардид

Март 27, 2020 14:51

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади  пешгирӣ аз сирояти  коронавирус телефони бовариро бо  рақами 511 фаъол намуд. Ин  рақам  ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда,  вазорат  аз сокинони мамлакат  хоҳиш менамояд, ки дар ҳолати дидани нишонаҳои вируси нав  ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран  бо ин рақам  ба вазорат хабар диҳанд. 

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ҳамчунин  бо мақсади дар байни аҳолӣ пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии шаҳрвандон дар назди вазорат Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” таъсис дода шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз, 27 март муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода бо аъзои Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” вохӯрӣ доир намуд. Ҳадафи ин ҷамъомад  ташкил намудани гурӯҳи волонтёрон дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки онҳо дар ҳолати эълон гардидани карантин дар ҷумҳурӣ миёни аҳолӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ кумак расонидан ба эҳтиёҷмандон арзёбӣ гардид.

Аз Вазорати мазкур ҳамчунин иттилоъ доданд, км аз  ҷониби  “Рестпотребнадзор”-и Федератсияи Россия ба Вазорати тандурустӣ ройгон 20 000 тест барои муайян кардани коронавирус  тақдим гардид.Тестҳои мазкур барои муайян кардани гирифтори беморӣ шудан ё нашудани беморон пешбинӣ шудаанд.

Март 27, 2020 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон