Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус телефони боварӣ бо рақами 511 фаъол гардид
ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус телефони бовариро бо рақами 511 фаъол намуд. Ин рақам ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, вазорат аз сокинони мамлакат хоҳиш менамояд, ки дар ҳолати дидани нишонаҳои вируси нав ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран бо ин рақам ба вазорат хабар диҳанд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамчунин бо мақсади дар байни аҳолӣ пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии шаҳрвандон дар назди вазорат Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” таъсис дода шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз, 27 март муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода бо аъзои Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” вохӯрӣ доир намуд. Ҳадафи ин ҷамъомад ташкил намудани гурӯҳи волонтёрон дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки онҳо дар ҳолати эълон гардидани карантин дар ҷумҳурӣ миёни аҳолӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ кумак расонидан ба эҳтиёҷмандон арзёбӣ гардид.
Аз Вазорати мазкур ҳамчунин иттилоъ доданд, км аз ҷониби “Рестпотребнадзор”-и Федератсияи Россия ба Вазорати тандурустӣ ройгон 20 000 тест барои муайян кардани коронавирус тақдим гардид.Тестҳои мазкур барои муайян кардани гирифтори беморӣ шудан ё нашудани беморон пешбинӣ шудаанд.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






