«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҶАВОНУ ОЯНДАДОР ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН. Ҳар касе, ки дар кӯчаю хиёбонҳои ободу зебо ва боғу бӯстони Душанбе қадам мезанад, ҳатман ба шаҳрдори ҷавон аҳсан мехонад», — иброз дошт имрӯз вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим

Март 13, 2020 16:34

ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,  имрӯз  дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум  вакилон  номзадии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро   ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.  Пас аз овоздиҳии пинҳонӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дарёфти аксари овозҳо аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Зимни пешниҳоди Рустами Эмомалӣ ба маснади баланд як зумра вакилон оид ба дастоварҳои шаҳри Душанбе ва маъруфияти он ҳамчун шаҳри ҷавону ояндадор дар минтақа ва ҷаҳон ибрози назар намуданд.

Аз ҷумла, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, шоир Низом Қосим иброз дошт, ки «Рустами Эмомалӣ ҳамчун роҳбари  ҷавону кордон ба муаррифӣ эҳтиёҷ надорад. Зеро ҳар  касе, ки дар кӯчаю хиёбонҳои ободу зебо ва боғу бӯстони Душанбе қадам мезанад, ҳатман ба ӯ барои ин созандагию ободонӣ аҳсан мехонад».

Дар ин иртибот  АМИТ «Ховар» чанд намунаеро  аз дастовардҳои шаҳри Душанбе дар  соли  2019 пешниҳоди хонандагон мегардонад.

Дар се соли охир ба иқтисодиёти шаҳри Душанбе  850 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардидааст, ки 180 миллиони он ба соли 2019 рост меояд. Дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти шаҳр ба 15 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 7,2 фоиз зиёд ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии  ҷумҳурӣ ба 20 фоиз баробар гардид.

Соли 2019 дар пойтахт 62 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 800 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз карданд, ки нисбат ба соли 2018 мутаносибан 40 корхона ва 650 ҷойи корӣ зиёд мебошад.

Соли 2019 38 километр хатҳои гармигузар ба маблағи 62 миллион сомонӣ  навсозӣ  шуданд, ки дар муқоиса бо соли 2016 4 баробар зиёд аст.

Дар се соли охир 160 километр шабакаҳои гармидиҳӣ ё 320 километр қубурҳои гармигузар ба маблағи 173 миллион сомонӣ навсозӣ гардиданд.

 

Унвони «Сокини фахрии пойтахт» муқаррар гардид

6 феврали соли 2019 вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва қабул намуданд.

Тибқи он пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дорои нишон (эмблема) гардид.

Ташкили фондҳои дахлдор, ҳавасмандкунӣ, додани мукофотҳо, муқаррар намудани номи мукофотҳо, бо унвони «Сокини фахрии пойтахт», медалҳои ҷашнӣ ва медалҳо, инчунин бо ҷоизаҳои Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонидан низ дар қонуни мазкур   муқаррар шудааст.

Бояд зикр намуд, ки  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳанӯз соли 1996 қабул гардида, қариб 22 сол мавриди такмили ҷиддӣ қарор нагирифта буд. Яъне табиист, ки  муқаррароти  ин қонун ба талаботи шаҳрдории имрӯза ҷавобгӯ набуд ва ба мукаммалгардонӣ ниёз дошт.

Таксиҳои Душанбе намои зоҳирии ягона гирифтанд

Нақлиёти сабукрави таксии Душанбе намои зоҳирии ягона гирифтанд.

Ин иқдом  бо мақсади иҷрои қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир   ба низом даровардани раванди фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ,  фаъолияти  онҳо бо намои зоҳирии якранга дар ҳудуди шаҳр, ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии нақлиётӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар пойтахт роҳандозӣ гардид.

Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»

2 марти соли 2019  дар пойтахт Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор шуд. Қисмати расмии Форум нимаи аввали ин рӯз дар «Кохи Суруш» доир гардид.

Дар форум меҳмонон аз бародаршаҳрҳои Душанбе  иштирок доштанд. Он бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, тарғиби фарҳангу таърихи қадими халқи тоҷик, инчунин имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус  пойтахт  роҳандозӣ  гардид. Дар доираи баргузории Форум меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи «Наврӯз», боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ ва  Боғи Ирам дидан намуда, онҳо дар Корвони шодии (карнавали) идона (21 март)  ва дар намоиши театришудаи «Ганҷинаи Наврӯз» дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт (22 март) иштирок  намуданд.

Миллион лолаи Душанбе

Дар арафаи Иди Наврӯз дар пойтахт озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» баргузор гардид.

Аз тарафи гурӯҳи кории шаҳрӣ ҳамаи боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашт ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳр мавриди омӯзиши амиқ қарор дода шуда, зимни баҳогузорӣ шумора ва намуди гулҳои шинонидашуда, интихоби композитсия ва дизайни  ҷолиб дар мавзеъҳои гулзор, сифати корҳои иҷрогардида, ҳолати нашуънамо, тозагӣ ва  корҳои ободонӣ ба инобат гирифта шуданд.

Вобаста ба парвариши гули лола корҳои омодагӣ ҳанӯз аз моҳи ноябри соли 2018 дар боғу  гулгаштҳо ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, аз тарафи  мутахассисони соҳа дар мавзеъҳои  алоҳида дизайн ва  композитсияҳои гуногуни гулҳои мавсимӣ, бахусус бо гули лола тасвиргардида роҳандозӣ гардид.

Дар маҷмӯъ, шумораи  умумии гулҳои лола беш аз якуним миллион ададро  ташкил   медиҳад, ки аз ин теъдод аз тарафи  Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри Душанбе ба миқдори 300 000 дона тухми пиёзаки гули лола дар ҳудуди боғҳои фарҳангу  фароғатии шаҳр  шинонида  шуд. Инчунин аз тарафи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», тибқи  нақшаи мувофиқашуда дар Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва  истифодабарии иншоотҳо» («Боғи Устод Рӯдакӣ»), хиёбони  Рӯдакӣ, кӯчаи Ҷ. Икромӣ ва мавзеи пасманзари Муҷассамаи Исмоили  Сомонӣ   бо тарзи   композитсияҳои   гуногун ба миқдори 475 000 дона ва аз тарафи раёсатҳои истифодабарии  роҳҳои ноҳияҳои   шаҳр дар кӯчаю  хиёбонҳо ба миқдори 675 010 дона пиёзаки гули лола  шинонида  шуд.

«Фонди рушди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфт

Моҳи апрели соли 2019 Раиси шаҳри Душанбе як зумра  қарорҳо  ба имзо расонид. Аз ҷумла, қарор дар  бораи таъсиси «Фонди рушди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарор дар бораи натиҷаи ҷамъбасти Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт  ва қарор дар бораи  тасдиқи  «Тартиб ва меъёрҳои пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе».

«Фонди рушди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таъсис  дода шуд. Мақсад аз таъсиси  он   рушди босуботи  соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе  мебошад.

Барои барандагони стипендияи Раиси шаҳр 558 000 сомонӣ ҷудо гардид

Моҳи апрели соли гузашта бо қарори дигари  Раиси шаҳр рӯйхати барандагони Стипендияи Раиси шаҳр барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт дар соли таҳсили 2018-2019 тасдиқ гардид.

Тибқи қарори мазкур  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе уҳдадор гардид, ки  аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани барандагони стипендияи мазкур  558 000 (панҷсаду панҷову ҳашт ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

129 ҳазор сомонӣ барои муаллимони фаъоли шаҳри Душанбе ҷудо гардид

Ҳамчунин соли гузашта  бо  қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгор барои  муаллимони фаъоли шаҳри Душанбе, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба   гирифтани  ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардидаанд, ба  ҳар кадоме ба сифати мукофот 3 ҳазор  сомонӣ ҷудо гардид. Ин  туҳфаҳои молӣ ба 52 нафар омӯзгорони пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ, ки бахшида ба «Рӯзи забони давлатӣ» ва «Рӯзи омӯзгорон» дар Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ»-и пойтахт  доир гардид, супорида шуданд.

Ин иқдом бо мақсади дастгирию ҳавасмандгардонии моддию  маънавии омӯзгороне, ки дар тарбияи шогирдон  натиҷаҳои назаррас нишон   доданд, инчунин тарғиби таҷрибаи босамари онҳо ва ба ин васила  баланд бардоштани мақоми  онҳо дар ҷомеа роҳандозӣ мегардад.

Дар маҷмӯъ, барои мукофотонии онҳо 129 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинигардида ҷудо гардид.

Троллейбусҳои муосир дар кӯчаҳои Душанбе

Моҳи майи соли гузашта бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маросими рӯнамоии троллейбусҳои муосири тамғаи 3321 00 D, ки аз Ҷумҳурии Беларус дастрас гардидаанд, баргузор шуд. Ин  троллейбусҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори аввал ба шаҳри Душанбе оварда шудаанд.  Ин воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии барқии замонавӣ бо ташаббуси Раиси шаҳр дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ харидорӣ гардидаанд.Троллейбусҳои нав  барои беҳтар  гардидани  сатҳу сифати хизматрасонии мусофиркашонӣ дар  пойтахт мусоидат намуда, ҳамзамон  бо тарҳу намуди зебо ва муосири худ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба он  шукӯҳи тоза  мебахшанд.

Троллейбусҳои муосир дар ширкати «Белкоммунмаш»-и Ҷумҳурии Беларус истеҳсол гардида,  аз лиҳози харҷи камтари неруи барқ, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳаракат дар тамоми ҳолату шароити шаҳр аз тамғаҳои қаблӣ  бартарияти зиёд доранд.

Троллейбусҳои мазкур бо истифода аз технологияи пешрафта истеҳсол гардида, дорои муҳаррики қувваи ҷараёни тағйирёбандаи қабулкунанда ва батареяҳои литий барои захираи неруи барқ мебошанд.Ин имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути ноқил троллейбус дар таҷҳизоти худ неруи барқро захира намуда, дар ҳолати зарурӣ то масофаи 15 -20 километр бе ноқил ҳаракат намояд.
Иқтидори ғунҷоиши онҳо то 90 нафар мусофир буда, аз 22 ҷойи нишаст, лавҳаҳои иттилоотӣ, воситаҳои огоҳкунӣ аз ҷониби мусофирон дар дохил ва беруни он, инчунин низоми мушоҳидавии дохилӣ бо 8 адад камера иборатанд, ки барои фаъолияти ронандагон мувофиқ мебошанд.

Троллейбусҳои нав ба таври озмоишӣ истифода бурда шуда, соли 2020  мақомоти шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки боз 100 адад дигар чунин троллейбусҳои замонавӣ харидорӣ кунад.

Китоби «Душанбе — қалби Тоҷикистон» ба нашр расид

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нашриёти «ЭР-граф» китоби  «Душанбе қалби Тоҷикистон»-ро ба нашр расонид.

Китоби мазкур ба қалами Мирзоамин Мирсаидзода тааллуқ дошта, мушовири он Абдумаҷид Ҳакимзода ва муҳаррири масъул Бурҳониддин Каримзода мебошанд. Китоби тозанашр дастовардҳои шаҳрдории пойтахтро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар бар мегирад. Муаллифи китоби «Душанбе қалби Тоҷикистон»  собиқадори меҳнати пойтахт буда, дар вазифаҳои масъули Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  фаъолият намудааст. Аз ин рӯ, кӯшиш  ба харҷ додааст, то  ба рӯйдодҳои фараҳбахши пойтахт, корҳои созандагию ободонӣ баҳои сазовор диҳад.

Дар китоби   мазкур  бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълумот дода шуда, он аз 216 саҳифа иборат мебошад.

«Боғи Куруши Кабир» ба истифода дода  шуд

Дар шаҳри Душанбе боз як макони нави фарҳангӣ — «Боғи Куруши Кабир» ба истифода дода  шуд.

Дар бораи «Боғи Куруши Кабир» номгузорӣ намудани ин мавзеи нави фарҳангӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.

Боғи мазкур бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани  симои пойтахти мамлакат бунёд гардида, дар шафати Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Масоҳати он зиёда аз 4 гектарро ташкил медиҳад.

Раиси  шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки дар ин боғ муҷассамаҳои рассоми машҳури тоҷик Камолиддини Беҳзод ва Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Собирова  гузошта шавад.

Душанбе — мизбони панҷумин иҷлосияи МҲТБО

14-15 июни соли гузашта  дар шаҳри Душанбе панҷумин  Иҷлосияи сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор  гардид. Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо мақсади дар сатҳи  олии ташкилӣ доир гардидани ин  ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалӣ  дар   пойтахт  корҳои омодагиро ба таври   шабонарӯзӣ ба роҳ монд.  Душанбеи нозанин бо шарофати қудуми меҳмонон боз ҳам дилработару нозанин ва  гулпӯштар  гардид. Аз ҷумла дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе, ки  муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ маскан гирифтааст, омодагиҳо ба таври чашмрас мушоҳида мешаванд.

Дар ин макон гулҳои мавсимӣ бо истифода аз усулҳои гуногун шинонида шуда, ба симои шаҳр зебогии навро зам намудаанд. Аз ҷумла моҳи май ва давоми даҳ рӯзи моҳи июни соли равон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр зиёда аз 4 миллиону 200 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд.

Дар пойтахт роҳҳои нав ва пулҳо бунёд мегарданд

Дар пойтахт  сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут» дар арафаи анҷомёбист. Дарозии роҳи мазкур 9,2 километр буда, паҳноии он 40 метрро дар бар мегирад. Ин роҳ бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА сохта шуда, тибқи лоиҳаи иншооти мазкур он аз 8 хати ҳаракат дар ду самт ва пиёдароҳҳо иборат буда, дар масири он  як пул дар болои канали Ҳисор, як гузаргоҳи роҳи оҳан ва 2 адад гардишҳои нақлиётӣ бунёд  мегарданд.

4 июли соли 2019  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гош бо гузоштани санги асос ба корҳои бунёдии роҳи мазкур замина гузошта  буданд.

Сохтмони роҳи мазкур тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб шуда, дар доираи ҳамкории судманд миёни ду кишвар аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон бунёд  мегардад.

Мансур Ҷаъфарӣ ба Душанбе омад

 17-18 августи соли 2019  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали тобистонаи Душанбе баргузор шуд, ки дар он сарояндаи машҳури эрониасли муқими Амрико Мансур Ҷаъфарӣ ҳунарнамоӣ  кард. Мансур Ҷаъфарӣ зикр кард, ки дар понздаҳ соли охир  ин сафари чаҳоруми Мансур ба Тоҷикистон аст. Вай бори аввал соли 2004 дар Душанбе барномаи  консертиро пешниҳоди ҳаводорони ҳунараш гардонида буд.  Мансур  солҳои 2011 ва 2014 низ барои иштирок дар ҷашнҳои  наврӯзӣ ба Тоҷикистон омада буд.

Дар Фестивали мазкур ҳамчунин парвоз дар кураҳои ҳавоӣ, бозиҳои рангоранг ва барномаҳои шавқовар барои хурдсолон, пешниҳоди беҳтарин шириниҳо барои дӯстдорони он, ташкили гӯшаи писандидаи  ҷавонон,  навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, нуқтаҳои фурӯши меваҳои шаҳдбори сарзамин, тамошои ҷаҳиши парашутчиён ва бурдҳои қиматнок пешниҳоди  сокинону меҳмонони шаҳр мегарданд.

Бунёди таваққуфгоҳҳои муосири  бисёрсатҳа дар Душанбе

Тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе лоиҳаи таваққуфгоҳҳои муосири бисёрсатҳаро  таҳия намудааст. Дар навбати аввал таваққуфгоҳҳои бисёрсатҳа дар кӯчаю хиёбонҳои сермошини пойтахт сохта мешаванд. Мақсад аз бунёди  ин таваққуфгоҳҳои муосир таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, бехатарии пиёдагардон, бартараф намудани танбашавии роҳҳои мошингарди пойтахт ва пешгирӣ аз  таваққуфи мошинҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда мебошад.

Айни ҳол дар шаҳри Душанбе  бо истифода аз таҷрибаи шаҳрҳои пешрафта  сохтмони  намунавии чунин таваққуфгоҳҳо, ки  фаъолияти онҳо  ба таври худкор  ба роҳ монда шудааст, оғоз гардидааст. Тибқи ин лоиҳа, дар шаҳри Душанбе бунёди  таваққуфгоҳҳои  то 6-сатҳа  барои  нигоҳдории нақлиёт ба нақша гирифта шудааст.

Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ

Моҳи июли соли гузашта Раиси  шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаҳои иншооти нав, аз ҷумла биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе бунёд мешаванд, шинос гардид.

Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши кӯчаи «Дӯстии  халқҳо» то майдони Ғалаба дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида,  давоми ду сол  биноҳои баландошёнаи  истиқоматӣ  ва   маъмурӣ дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир сохта мешаванд. Биноҳои истиқоматии сохташаванда на камтар аз 12 ошёна буда, дар онҳо бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, боғчаҳои  бачагона, мактаб, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ  ва   шабакаи  обу корез ба нақша гирифта  шудаанд.

Ҳамчунин дар ҳамин кӯча биноҳои нави маъмурии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ сохта мешаванд. Тибқи дурнамо сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар назар аст.

Давоми 2 сол 9 меҳмонхонаи замонавӣ сохта мешавад

Дар шаҳри Душанбе давоми ду соли оянда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1000 нафар дар як вақт пешбинӣ  шудааст.

Аввали моҳи ибли соли 2019  бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯнамоии лоиҳаҳои меҳмонхонаҳои навбунёдшавандаи  ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушди Осиё» сохтмони меҳмонхонаи «Дипломат»-ро дар заминаи бино ва иншооти фарсуда дар кӯчаи Бохтари ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-стройсервис» бинои бисёрфунксионалии серошёна, аз ҷумла меҳмонхонаи панҷситорадорро дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур,  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Себистон-2018» мехмонхонаи замонавии «GrandRudakITower»-ро дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи  Исмоили  Сомонӣ, инчунин дигар ширкатҳои ватанӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ тайи 2 сол меҳмонхонаҳои муосири ҳозиразамонро бо сифати баланд ва дизайни  миллӣ бунёд хоханд кард.

Душанбе ва Сеул — бародаршаҳр

Моҳи июли соли 2019  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар қароргоҳи беруназшаҳрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Дар  вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати Корея дар соҳаҳои гуногун мавриди музокирот қарор гирифт. Бо мақсади таҳким ва тавсеаи ҳамкории самарабахш миёни пойтахтҳои ду кишвар, пешниҳод гардид, ки байни шаҳрҳои Душанбе ва  Сеул муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин робита тарафҳо тасмим гирифтанд, ки ояндаи наздик санади ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба имзо расонда шавад.

Боз 25 адад истгоҳҳои дигари замонавӣ сохта шуданд

Дар хиёбони С. Шерозӣ ва кӯчаи Н. Қарабоеви шаҳри Душанбе  25 адад истгоҳҳои замонавии нақлиётии мусофирбар  сохта шуданд. Алҳол дар пойтахт  зиёда аз  100 адад истгоҳҳои  муосири  нақлиёти ҷамъиятӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди истифода  қарор дода шудаанд. Маблағи умумии сохтмони иншооти мазкур беш аз 9 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа онҳо  аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба сокинону меҳмонони пойтахт доир ба замону  шумораи хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат мебошанд. Ҳамчунин тибқи лоиҳа, дар истгоҳ нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардидааст.

Made in Tajikistan. Автобусҳои истеҳсоли Тоҷикистон ба мусофирон хизмат мерасонанд

 Моҳи авсусти 2019 бори аввал  ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 10  адад автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро, ки истеҳсоли ватанӣ маҳсуб мешаванд, ба  корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-2» ва «Автобус-3»-и шаҳри Душанбе  барои хизматрасонӣ ба мусофирон  ирсол намуд. Дар назар дошта шудааст, ки дар корхонаи мазкур марҳила ба марҳила истеҳсоли микроавтобус ва мошинҳои боркаш низ ба роҳ монда мешавад.

Корхонаи мазкур тибқи фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  давоми  соли  2019 зиёда аз  58  автобуси дигар  истеҳсол намуда, ба корхонаҳои мусофиркашонии пойтахт интиқол намудааст.

Автобусҳо бо 5 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда, таҷҳизоти гармиву хунукидиҳанда муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки баҳри бехатарӣ ва ҳамлу нақли бароҳати мусофирон хизмат мерасонанд.

Фаъолияти корхонаи муштарак ба қонеъ намудани талаботи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳсулоти истеҳсолнамуда ва содироти он ба кишварҳои минтақа равона гардидааст.

Инфрасохтори  троллейбусҳои пойтахт  навсозӣ мешавад

Барои навсозии инфрасохтори  троллейбусҳои  шаҳри Душанбе  Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) 8 миллион доллар ҷудо мекунад. Маблағи  ҷудонамудаи БАТР барои таъмири зеристгоҳҳои мавҷуда, насби ноқилҳои фидерӣ, инчунин хатҳои троллейбус ва пойгоҳҳои он  равона  гардида,  аз он 5,2  миллион  бо  кафолати давлатӣ ба сифати  қарз ва 2,8 миллион доллараш  дар шакли гранти сармоягузорӣ ҷудо карда мешавад.

Мавриди  зикр аст, ки айни замон дар  7 хатсайри троллейбусии шаҳри Душанбе 87 адад воситаҳои нақлиёти барқии корхона ба сокинону меҳмонони шаҳр  хизмат мерасонанд.

2224 адад биноҳои пойтахт рангубор мегарданд

Бахшида ба 30-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷдиду рангубори намои 2224 адад биноҳои истиқомативу маъмурии ҳудуди  пойтахт ба нақша гирифта шудааст.

Аз ин теъдод алҳол рангубору  таҷдиди  намои 622 адад иншоот дар пойтахт  ба анҷом расидааст. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ 76 адад, Сино 298 адад, Фирдавсӣ 115 адад ва Шоҳмансур 133 адад намои биноҳои  истиқоматию  маъмурӣ.

«Манзили дастрас» 10 бинои муосири истиқоматӣ сохт

Дар арафи Соли нави мелодӣ  маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматии «Манзили дастрас», воқеъ  дар хиёбони Синои пойтахт  мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар 10 бинои навбунёд 850 оилаи   касбу кори гуногун соҳиби манзилҳои зисти замонавию барҳаво гардиданд. Маҷмааи мазкур аз  7 бинои 16 ошёна, 2 бинои  18-ошёна ва як бинои 20-ошёна  иборат мебошад. Аз ин шумора 470 адади онро манзилҳои якҳуҷрагӣ ташкил медиҳад, ки ба 55,5 дарсади шумораи умумии хонаҳо рост меояд.

Боқимонда аз 318 манзили дуҳуҷрагӣ, 51-манзили сеҳуҷрагӣ ва 8 манзили чорҳуҷрагӣ иборат аст.

Масоҳати умумии хонаҳо дар маҷмуъ   54 ҳазору 120 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Мувофиқи лоиҳа дар ошёнаҳои якум ва дуюми биноҳои истиқоматӣ дар масоҳати умумии 5 ҳазору 213 метри мураббаъ марказҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ пешбинӣ шудааст, ки дар онҳо даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар маҷмаа боғчаи кӯдакона, таваққуфгоҳи зеризаминӣ ва рӯизаминӣ бунёд гардидааст.

Аввалин сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба хориҷи мамлакат

3 декабри соли 2019  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба  Ӯзбекистон  сафар кард. Ин аввалин сафари расмии  Рустами Эмомалӣ ба хориҷи мамлакат  пас аз таъйин шуданаш ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе мебошад. Дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ислом Каримови пойтахти Ӯзбекистон Раиси шаҳри Душанберо ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ва дигар шахсони расмии мақомоти ҷумҳуриявию  шаҳрии ин  давлат  истиқбол гирифтанд.

Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт. Дар оғози мулоқот Президенти Ӯзбекистон рушди босуръати муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Ӯзбекистону Тоҷикистонро дар солҳои охир бо қаноатмандии махсус зикр намуд.

Таъкид шуд, ки бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду давлати  бародар пешрафти ҳамкории ҳамаҷониба миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, инчунин ба сатҳи шарики стратегӣ баровардани онҳо таъмин гардид.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Президенти Ӯзбекистон барои истиқбол изҳори сипос намуда, паёми шодбошӣ ва таманниёти самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба  Шавкат Мирзиёев расонид.

Зимни суҳбат паҳлӯҳои амалии густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни пойтахтҳои ду давлат — Душанбе ва  Тошканд  баррасӣ шуданд. Масъалаи ба роҳ мондани муколамаи мунтазам дар чунин  самтҳо, ба монанди табодули таҷриба дар идоракунии шаҳрӣ ва рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ва барномаҳои ҳамгироии фарҳангиву гуманитарӣ дар асоси «харитаи роҳ» мавриди таваҷҷуҳи хоси ҷонибҳо қарор гирифт.

Боғи «Истиқлолият» муҳташамтарин иншооти ҷашнӣ

Дар пойтахт  Боғи «Истиқлолият» бунёд мегардад. Дар идомаи раванди созандагиҳо дар шаҳри Душанбе бунёди боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумуи мамлакат шаҳодат дода, барои сокинону меҳмонони пойтахт тамоми шароит барои истироҳату фароғат фароҳам оварда мешавад.

Алҳол дар ин мавзеъ дар баробари оғози корҳои сохтмонӣ кӯчонидани аҳолие, ки замини хонаи онҳо тибқи  нақша ба ҳудуди ин боғ рост омадааст, идома дорад.Айни замон сохтмончиён дар як қисмати боғи мазкур, он ҷое, ки    маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ»  бунёд мешавад, ба  бунёди  чоҳбонии   (чуқурӣ барои андохтани таҳкурсии иморат) маҷмаа  машғул  мебошанд.  Онҳо дар ин минтақаи сохтмонӣ мехсутунҳо месозанд.

«Бунёди боғи «Истиқлолият» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» зери таваҷҷуҳи хоссаи Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Душанбе – шаҳри варзишгарон

Дар шаҳри Душанбе дар тӯли се сол зиёда аз 262 майдончаҳои  варзишӣ бунёд гардиданд. Мояи хушҳолист, ки дар шаҳри Душанбе Маҷмааи универсалии варзишӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, ки он  мутобиқ ба талаботи стандартҳои бозиҳои олимпӣ  сохта шудааст. Маҷмааи варзишӣ  аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар  дар кӯчаи Карамови ноҳияи  Исмоили Сомонии пойтахт, дар рӯ ба рӯи  Боғи фарҳангу фароғатии ба номи «Умари Хайём», байни нишебӣ ва теппаҳои Лучоб ва дарёи Душанбе бунёд гардидааст. Баъди  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  маҷмааи мазкур   беш аз 600 нафар  бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Айни  замон корҳои сохтмонии  маҷмааи варзишӣ пурра ба  итмом  расида, васлу насби таҷҳизоти он дар арафаи анҷом қарор дорад.

Маҷмааи бузурги универсалии варзишии пойтахт аз  3 то 5 ошёна иборат буда, тибқи лоиҳа  толорҳову  майдонҳои гуногуни варзишии он барои аз 150 то 3000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудаанд.  Иншоот аз  қасрҳои варзишии болопӯшидаву  нимпӯшида, майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузург барои шиноварӣ, инчунин дигар намудҳои варзиши обӣ иборат буда, барои гузаронидани мусобиқаҳои байналмилалӣ бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст.

Мактабҳои нави Душанбе

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар зарфи се соли охир 18 муассисаи нави таълимӣ ба истифода супорида шуда, танҳо дар давоми соли сипаришуда бунёди 11 муассисаи нави таълимӣ бо 16 000 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 364 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст.

Аз ҷумла, 30 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои замонавии Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе»-ро дар кӯчаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мавриди истифода қарор доданд.Ҳамчунин дар ин рӯз  дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96-ро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Мактаб аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1488 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

30 август бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуд. Ин муассисаи таълимӣ дар маҷмӯъ барои 1280 нафар хонанда, дар як баст пешбинӣ шудааст.  Мактаби нав аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, шумораи умумии синфхонаҳои он  ба 32 адад мерасад.

31 август  дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Гимназияи № 74 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.  Бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Гимназияи № 74 дорои 30 синфхона буда, дар ду баст  1280 хонандаро ба таълиму тарбия фаро мегирад.

Дар Рӯзи Дониш, 1 сентябр  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бояд  тазаккур  дод, ки бинои мазкур бо назардошти  норасоии ҷойи нишаст ва шумораи аз меъёр зиёди хонандагон бунёд ёфта, сохтмони он дар зарфи бештар аз 1 сол анҷом дода шуд. Ин туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш мушкилоти хонандагон ва омӯзгоронро ба пуррагӣ ҳал намуд.

Алҳол сохтмони   мактабҳо  бо  2560 ҷой дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  бо 2400 ҷой дар маҳаллаи 65 -и ноҳияи Фирдавсӣ,  бо 2400 ҷой дар маҳаллаи Ховарон ва  мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 бо 2400 ҷой дар ду баст  ва  чандин муассисаҳои дигари таълимӣ дар  шаҳри Душанбе идома  дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе баҳри бо ҷойи нишаст таъмин намудани тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ низ тадбирҳои судманд меандешад. Тибқи иттилои масъулини соҳа, алҳол дар пойтахт сохтмони 14 адад муассисаи томактабӣ барои 1717 ҷой бо маром идома дорад.

Дастоварҳои шаҳри Душанбе дар арсаи байналмилалӣ

Моҳи сентябри соли 2019  шаҳри Душанбе дар соли 2021 Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)  мешавад. Дар ин бора  дар ҷаласаи 34-уми Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви  ИДМ, ки дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон  доир гардид, хабар дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки мақоми «Пойтахти фарҳангии ИДМ» ба ин ё он шаҳр бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дода мешавад. Чунин мақом ба пойтахти Тоҷикистон тибқи қарор Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2018 дода шудааст. Тибқи ин қарор ба ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ супориш дода шудааст, ки барои иштироки ҳайатҳои худ дар тадбирҳои вобаста ба татбиқи Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии ИДМ» дар кишварҳои ҳамдигар мусоидат намоянд.

4 октябри соли гузашта  дар ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO), ки дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 интихоб гардид.

Ҳамчунин моҳи октябри соли гузашта     пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе  ба даҳгонаи   беҳтарин  шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  барои саёҳати  тирамоҳӣ  шомил гардид.

Тибқи рейтинги мазкур,  ба даҳгонаи  беҳтарин  шаҳрҳо    барои саёҳати   тирамоҳӣ инчунин Минск, Остона, Ереван, Алмаато, Боку, Тошканд, Кишинёв, Бишкек ва Ашқобод шомил гардидаанд.

Март 13, 2020 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаи Харитаи электронии шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид
Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид