Франсия дар Тоҷикистон намояндагии бонкҳои тиҷоратиашро ифтитоҳ мекунад

Март 4, 2020 11:20

ДУШАНБЕ, 04.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯи масъалаҳои марбут ба низоми бонкии Тоҷикистон ва  Франсия дар меҳвари мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Мушовири Президенти Ҷумҳурии Франсия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Паскал Лоро ва Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Тоҷикистон Ясмин Гуэдар дар Душанбе баррасӣ гардид.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз ҳамкории солҳои қаблии Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки марказӣ ва институтҳои молиявию қарзии Франсия, ки дар доираи он беш аз 200 нафар мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар Бонки марказии Франсия малакаи касбӣ ва донишҳои тахассусии худро такмил доданд, ёдовар шуда, хостори барқарор намудани ҳамкорӣ дар самти низоми бонкӣ шуд.

Паскал Лоро аз сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Франсия дар моҳи ноябри соли 2019 ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки баҳри татбиқи ин созишномаҳо аз ҷониби Франсия нақшаи ҳамкорӣ таҳия гардидааст.

«Дар ин росто, мо тасмим гирифтем, ки барои татбиқи бандҳои алоҳидаи созишномаҳои имзогардида ба  Тоҷикистон ташриф оварда, барои  иҷрои минбаъдаи он бо шахсони масъули давлатӣ, вазорату идораҳои дахлдор вохӯрда, барои ҳарчӣ зудтар дар амал татбиқ гардидани онҳо заминаи воқеӣ гузорем», — гуфт Паскал Лоро. Зикр шуд, ки тибқи ин нақша ҳамкории Бонки марказии Франсия бо Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда шудааст, ки дар панҷсолаи минбаъда татбиқи он дар назар аст.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода   пешниҳоди Лоро Паскалро ба хушӣ пазируфта, гуфт, ки татбиқи ин нақшаҳо ба рушди ҳамкории низоми бонкии ду давлат такони нав бахшида, самтҳои нави ҳамкориро тақвият хоҳад бахшид. Мусоҳибон инчунин масоили омодасозии мутахассисони соҳибмалака дар самти низоми бонкӣ, рушди ҳисобҳои муросилотӣ миёни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистону Франсия, ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратии Франсия дар Тоҷикистон, рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм мубодилаи афкор карданд.

Интизор меравад, ки Мушовири Президенти Франсия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Паскал Лоро дар доираи сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистон бо муовини Сарвазири ҷумҳурӣ  Азим Иброҳим ва роҳбарони як зумра вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон мулоқот менамояд.

Март 4, 2020 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд