ФУТБОЛБОЗОНИ НАВРАСИ ТОҶИК АЗ ҶИҲАТИ ЛАЁҚАТУ МАҲОРАТ БА БОЗИГАРОНИ БРАЗИЛӢ БАРОБАРАНД. Чунин иброз дошт намояндаи расмии «Ла Лига»-и Испания дар Осиёи Марказӣ Қайс Раҳмонӣ

Март 4, 2020 17:00

ДУШАНБЕ, 04.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Футболбозони навраси тоҷик аз ҷиҳати лаёқату маҳорат ба бозигарони бразилӣ баробар ҳастанд. Фарқият танҳо дар якчанд нозукиҳои системавӣ ҳаст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин нуктаро  намояндаи расмии «Ла Лига»-и Испания дар Осиёи Марказӣ Қайс РАҲМОНӢ зимни мусоҳиба дар барномаи «Сирри ногуфта»-и Муассисаи давлатии ТВ «Варзиш» иброз намуд.

Қайс Раҳмонӣ дар арафаи бозии футболи даври 26-уми «Ла Лига» миёни ду бошгоҳи пурнуфузи сайёра- «Реал Мадрид» ва «Барселона», ки шаби 1 ба 2 март ба вақти Душанбе доир гардида, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи  мадридиҳо анҷомид, ба Тоҷикистон омад.

Мавсуф дар доираи сафар бо мухлусони ин ду даста дар ҷумҳурӣ вохӯрӣ намуда, бо шарту шароити тамрин дар Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва фаъолияти ТВ «Варзиш» шинос шуд.

Ӯ зимни мусоҳиба дар барномаи «Сирри ногуфта»-и ТВ «Варзиш» доир ба таассуроташ дар бораи Тоҷикистон, рушди футбол дар мамлакат, лаёқату малакаи наврасону ҷавонони тоҷик ва ҳамкории минбаъда бо мақомоти дахлдори маҳаллӣ ва ТВ «Варзиш» ибрози андеша намуд.

Тавре Раҳмонӣ мегӯяд, ин сафари нахустинаш ба Тоҷикистон буда, аз рӯзҳои аввали омаданаш ба он мафтун шудааст. «Душанбе шаҳри замонавӣ ва пур аз иншооти зебову ҷолиб буда, ба ман бисёр писанд омад. Дар оянда боз меоям ва лоиҳаҳои гуногунро якҷо роҳандозӣ хоҳем кард», — гуфт ӯ.

Бо дахли ҳамкории «Ла Лига» ва ТВ «Варзиш» намояндаи расмии чемпионати Испания тазаккур дод, ки ҳамкории ин ду ниҳод на танҳо соҳаи варзиш, балки муаррифии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ низ фаро мегирад.

Дар идома ӯ ба маҳорати футболбозони тоҷик баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон футболбозони наврасу ҷавонони табиатан болаёқат хеле зиёданд.

«Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ миёни наврасони то 17-сола ё ҷавонони то 18-сола футболбозони тоҷик муваффақона баромад мекунанд. Аз ҷумла, онҳоро дар Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон дар Бразилия мушоҳида кардам. Онҳо воқеан ҳам маҳорати фавқулода доранд, вале дар системаи тарбияи бозигарон бояд каме дигаргунӣ ворид намуд ва норасоиҳои андакро бояд бартараф кард», — иброз дошт Раҳмонӣ ва ёдовар шуд, ки Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ талафоти зиёд дид, вале сарфи назар аз ин бо суръати баланд ҳамаи соҳаҳоро барқарор намуд.

ДАР АКС: Наврасони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон дар Бразилия пас аз ғалаба бар Камерун. 29.10.2019

Номбурда андешаашро дар бораи футболбозони навраси тоҷик идома дода, онҳоро бо бозигарони бразилӣ қиёс кард. «Як чиз хуб ба чашм мерасад, ки наврасони тоҷик аз  ҷиҳати лаёқату маҳорат бо бозигарони бразилӣ баробар ҳастанд. Фарқият танҳо дар якчанд нозукиҳои системавӣ ҳаст», — таъкид дошт ӯ.

Бино ба гуфтаи Раҳмонӣ, дар давлатҳои хориҷа вобаста ба ҳар футболбози наврас гузориши солона омода карда мешавад. Бозӣ дар майдон ягона омили муваффақият набуда, балки рафтори бозигар берун аз майдон, вазъи оилавии ӯ ва тобоварии ӯ ба фишор низ дар ба воя расонидани футболбозони касбӣ нақши муассир мебозанд.

Барои дар оянда футболбози касбӣ шудани наврасону ҷавонони тоҷик ӯ пешниҳод намуд, ки ҳамкорӣ бо системаи футболи Аврупо зич ба роҳ монда шавад.

«Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо системаи футболи аврупоӣ имкон медиҳад, ки бозигарони болаёқат на танҳо дар 16 ва 17-солагӣ муваффақона баромад кунанд, балки дар оянда низ тавонанд футболбози касбии сатҳи баланд гарданд. Барои давлатҳои рӯ ба инкишоф муҳим аст, ки ҳамкории зичро бо давлатҳои дар соҳаи  футбол пурқувват ба роҳ монанд», — ибрози назар намуд намояндаи расмии «Ла Лига» дар Осиёи Марказӣ.

Раҳмонӣ  аз шароити замонавии дар Академияи футболи ФФТ фароҳамоварда дар ҳайрат монда, зикр намуд, ки академия тамоми шароитро доро мебошад, то яке аз муваффақтаринҳо бигардад. Ӯ ҳатто баъзе аз ҳуҷраҳои онро аз ҳуҷраҳои меҳмонхонаҳои панҷситорадор беҳтар донист.

«Осиёи Марказӣ дорои пешравиҳои зиёд мебошад ва фикр мекунам, ки дар 10-15 соли оянда ин минтақа метавонад чорабиниҳои бузургро мизбонӣ кунад. Аллакай на танҳо футболбозон рушд карда истодаанд, балки шароит низ рӯз аз рӯз беҳтар мегардад. Тоҷикистон яке аз давлатҳои пешрафта ба ҳисоб рафта, соли оянда дар ин ҷо варзишгоҳи нав ба истифода дода хоҳад шуд», — иброз дошт ӯ доир ба рушди соҳаи футбол дар Осиёи Марказӣ.

Дар робита ба ифтитоҳи Академияи «Ла Лига» дар мамлакат Раҳмонӣ гуфт, ки «мо мехоҳем дар Тоҷикистон футбол рушд кунад ва аз ҳамин сабаб мақсад дорем, ки Академияи «Ла Лига»-ро ин ҷо ташкил диҳем».

Ба гуфтаи ӯ, футболбозони тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки бо мураббиёни испанӣ тамрин намоянд ва дар баробари ин ҳар тобистон дар Испания дар мусобиқаҳо иштирок кунанд.

«Он нафароне, ки истеъдоди хуб доранд, метавонанд таваҷҷуҳи  скаутони дастаҳои испаниро ба худ ҷалб намоянд. Мо айни ҳол роҳҳои судманди бунёд кардани Академияи «Ла Лига»-ро дар Тоҷикистон ҷӯё ҳастем», — тазаккур дод намояндаи расмии «Ла Лига»-и Испания дар Осиёи Марказӣ ва ёдовар шуд, ки ТВ «Варзиш» тӯли 4 сол шарики «Ла Лига» мебошад ва соли оянда дар доираи «Эл Классико» яке аз ситораҳои дастаи номвари «Реал Мадрид» ё «Барселона»-ро ба Тоҷикистон хоҳанд овард.

Ба иттилои Раҳмонӣ, «Ла Лига» барои густариши ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори маҳаллӣ ва ТВ «Варзиш» дар оянда чорабиниҳои зиёд ба нақша гирифтааст. Дар доираи ин чорабиниҳо имкон дода мешавад, ки намояндагони онҳо ба Испания рафта, бо фаъолияти шуъбаҳои «Ла Лига» ба монанди шуъбаи муошират, шуъбаи  пахши рақамӣ ва тарзи ташкилу баргузории бозиҳо шинос шаванд ва табодули таҷриба намоянд.

«Ба якдигар кумак карда, мо метавонем ба мақсади ягонаи худ, яъне наздик будан ба мухлисон ва рушди футбол, бирасем. Мо шариконамро аз давлатҳои гуногун ба Испания даъват мекунем ва бо тарҳрези намудани барномаи махсус онҳо метавонанд бо фаъолияти «Ла Лига» ва дастаҳои он шинос бигарданд. Шариконамон аз Тоҷиктсон низ истисно нестанд. Тамоми шарикони «Ла Лига» ба мисли як оила ҳастанд», — гуфт Раҳмонӣ.

Намояндаи расмии «Ла Лига»-и Испания дар Осиёи Марказӣ инчунин мухлисони тоҷикро беҳтарин хонда, ТВ «Варзиш»-ро яке аз бузургтарин шарикони «Ла Лига» ва беҳтаринҳо дар минтақа номид.

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «Ховар»:

Лигаи олии футболи Испания («Ла Лига» ё Примера)   мусобиқаи касбии футболи сатҳи баланд дар низоми лигаҳои Испания мебошад.

«Ла Лига» яке аз лигаҳои пурқуввати ҷаҳон буда, дар раддабандии УЕФА дар ҷойи аввал қарор дорад. Дастаҳои пурқуввати он «Реал Мадрид», «Барселона», «Атлетико Мадрид», «Севиля», «Валенсия» ва ғайраҳо мебошанд.

Март 4, 2020 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона баргузор мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2024-ро дар зинаи 104-уми раддабандии ФИФА ҷамъбаст намуд
ФУТБОЛ. Дмитрий Черишев сармураббии дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб таъйин шуд
Дар мусобиқаи Russian judo tour аз Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон бар ҳамсолонаш аз Арабистони Саудӣ ғолиб омад
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо ҳам бозӣ мекунанд
Табрикоти Федератсияи байналмилалии футбол ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ
Ҷаласаи якуми ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон доир гардид
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа Рустами Эмомалиро ба муносибати президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардидан табрик намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-17) тими Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд