ИМРӮЗ БА ЗОДРӮЗИ АЛБЕРТ ЭЙНШТЕЙН 141 СОЛ ПУР МЕШАВАД. Суҳбати хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ноиби Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ба Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 14.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 14 март ба рӯзи таваллуди яке аз олимони машҳури асри ХХ, асосгузори физика бо маънои муосири он, асосгузори назарияи нисбият ва муаллифи беш аз 300 асари илмӣ Алберт Эйнштейн (1879-1955) 141 сол пур мешавад.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ дар арафаи зодрӯзи Эйнштейн бо ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Ҳикмат МУЪМИНОВ мусоҳиб гардид.
Тавре академик Ҳикмат Муъминов зикр намуд, Эйнштейн ҳамчун публитсист ва ходими ҷамъиятӣ шинохта шуда, духтури фахрии тақрибан бист муассисаи таҳсилоти олии ҷаҳон маҳсуб мешуд.
Қадами навбатиро дар пешрафти физикаи муосир ва пайдоиши назарияи нисбият физик- назариётчии нотакрори садаи XX Алберт Эйнштейн гузошт. Эйнштейн натиҷаи таҷрибаи Майкелсон-Морлиро таҳлил намуда, дар инкишофи физика «инқилоб» ба вуҷуд овард. Вай таълимоти нав дар бораи вақту фазо — назарияи махсуси нисбиятро бунёд кардааст. Эйнштейн назарияти худро барои системаҳои ғайриинерсиалӣ татбиқ намуда, ба назарияи умумии нисбият низ асос гузошт, ки он ҷавҳар ва асоси назарияи ҳозиразамони ҷозибаро ташкил медиҳад. Тадқиқоти ӯ доир ба назарияи ҳаракати броунӣ сабаби ғалабаи қатъии назарияи молекулӣ — кинетикии сохти модда гардид.
Эйнштейн на танҳо дар назарияи нисбият маъруфият ба даст овардааст, балки саҳми ин олим дар рушду инкишофи илмҳои геометрия ва математика низ бузург аст. Эйнштейн ҳарчанд барои «назарияи нисбият» 60 маротиба ба гирифтани Ҷоизаи Нобел пешниҳод шуда бошад ҳам, вале онро барои шарҳи «таъсири фотоэлектрикӣ» ба даст овардааст. Саҳми ӯ дар рушду инкишофи механикаи квантӣ низ хеле бузург аст.
Бино ба нақли академик, Эйнштейн аз аввал то охири умр механикаи квантиро напазируфт. Шояд пазируфт, лекин бо вуҷуди ҳамин баҳси бисёр ҳам машҳури байни Нилс Бор ва Эйнштейн маълум аст. Дар бораи асосҳои механикаи квантӣ маҳз ҳамин баҳси тӯлонии байни онҳо сабаби рушди илми физика шуд. Маҳз ҳамин суҳбатҳо сабаб гардиданд, ки Нилс Бор асоси механикаи квантиро кашф кард ва сайқал дод. Эйнштейн шахсияте буд, ки бо қобилияти фикронии беназир саволҳои бисёр мантиқан аниқ ва аз нуқтаи назари физика ҷавоби саҳеҳу дақиқ талаб мекард. Дар баробари ин Нилс Бор ҳам ба Эйнштейн саволгузорӣ мекард. Ана ҳамин ду шахсияти беназир сабаби пешравӣ ва ҳатто пайдоиши илми физикаи муосир гардиданд.
Эйнштейн соли 1905 назарияи нисбияти махсусро кашф намуд. Баъд аз кашфи назарияи нисбияти махсус, ӯ тасаввуротро оид ба вақту фазо инкишоф дода, дар асоси он соли 1918 назарияи умумии нисбиятро бунёд намуд. Ин назарияро баъзан назарияи ҷозиба ҳам мегӯянд.
Олими тоҷик инчунин зикр кард, ки муодилаҳои Эйнштейн бисёр мураккаб мебошанд. Дар назарияи умумии нисбият ин муодилаҳо омӯхта мешаванд ва дар фазои чорченака кор мекунанд. Фазои чорченака ҳамин аст, ки мувофиқи назарияи умумии нисбият дар зери таъсири ҷисмҳои ҷозибавӣ бо худаш каҷ мешудааст. Аз сабабе, ки назарияи умумии нисбият дар асоси каҷшавии нури рӯшноӣ ва хатҳои ҷаҳонӣ баён гардидааст, Эйнштейнро лозим омад, ки аз геометрияи ғайриевклидии Риман истифода намояд. Ин ҳама ба воситаи забони бисёр зебои геометрияи дифиринсиалӣ ва тензерҳо ифода карда мешавад ва дар натиҷа як математикаи бисёр зебо, вале мураккаб ба вуҷуд меояд. Эйнштейн ин назарияро омӯхта, татбиқ карда, инкишоф додааст. Яъне саҳми Эйнштейн дар математика низ бисёр бузург аст.
Назарияҳои Эйнштейн якумин назариёти физикие буданд, ки ба таври радикалӣ ақидаҳои олимонро оид ба вақту фазо ва ҳаракат тағйир доданд. Ҳамин тариқ, назарияи нисбияти махсуси Эйнштейн натиҷаи ҷамъбаст ва якҷоякунии механикаи Нютон — Галилей, электродинамикаи Максвелл — Лоренс ва таҷриба оид ба густариши рӯшноии Майкелсон — Морлӣ мебошад.
Ба андешаи Ҳикмат Муъминов, вақте инсон назарияи нисбиятро меомӯзад, ӯ ба як олами нав, ҷаҳони нав, тасаввуроти нав ва назарияҳои нав ворид мешавад, умуман ҷаҳонбии инсон ба куллӣ тағйир меёбад. Номи Алберт Эйнштейн ҳамчун асосгузори физикаи муосир дар таърихи ҷаҳон абадӣ мемонад.
Солҳои охир дар Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии академик Ҳикмат Муъминов як гурӯҳ олимони ҷавон дар самти назарияҳои релятивистии майдон фаъолият доранд. Онҳо асосан ба моделсозӣ машғул ҳастанд. Масъалаи асосие, ки дар пеши гурӯҳ гузошта шудааст, ин татбиқи назарияи релятевистии ғайрихаттӣ барои тасвири зарраҳои элементарӣ ва татбиқи ҳамин назария барои нурҳои кайҳоние, ки бевосита дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида мешавад, мебошад.
Аз ҷониби ин гурӯҳ аллакай се монографияи илмӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ба чоп расидаанд. Ба воситаи моделсозӣ олимони тоҷик тавонистанд, ки мутобиқи назарияи Эйнштейн, албатта, васеътар бо дарназардошти моддаи ядроӣ нишон диҳанд, ки дар натиҷаи задухӯрди чунин салитонҳо задухӯрди онҳо пурра ба задухӯрди зарраҳои элементарӣ мувофиқат мекунад.
«Дигар чизе ки дар ин ҷо мушоҳида карда шуд, парокандагии зарраҳо баъди задухӯрд дар як ҳамворӣ мебошад. Ана ҳаминаш барои мо хеле муҳим буд. Гап сари он меравад, ки дар Тоҷикистон аз соли 1971 то 1992 барои мушоҳидаи зарраҳои кайҳонӣ бо истифода аз камераи нодир таҷрибаи Помир ба роҳ монда шуда буд. Дар натиҷа чанд ҳодисаҳо мушоҳида карда шуданд. Гап дар он аст, ки дар ҳоли ҳозир тамоми назарияе, ки то охири асри 20 ва ибтидои асри 21 сохта шудааст, ҳамчун модели стандартӣ ифода мешаванд. Ин модели стандартӣ моделе мебошад, ки пурра физикаи квантиро дар бар мегирад ва ба ҳамин назарияи нисбияти Эйнштейн ҳамроҳ карда шудааст», — гуфт олими тоҷик.
Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Ҳикмат Муъминов аз Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардидани солҳои 2020-2040 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуда, онро бисёр муҳим ва саривақтӣ унвон кард. Дар робита ба ин гуфт, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида, як зумра чорабиниҳоро низ тарҳрезӣ намудааст.
Нақлҳои ҷолиб дар бораи Алберт Эйнштейн
Дар вақти донишҷӯӣ Алберт Эйнштейн бо палтои кӯҳнае мегашт. Ҳамсабақонаш як рӯз ба Эйнштейн мегӯянд, ки мо ба ту палтои нав мехарем. Эйнштейн дар ҷавоб мегӯяд, ки маро кӣ мешиносад. Даврони донишҷӯӣ ба охир мерасаду Эйнштейн олими бузурге мешавад. Дар як анҷумани байналмилалӣ ҳамсабақон вомехӯранд. Мебинанд, ки Эйнштейн боз бо ҳамон палтои кӯҳна. Ба ӯ мегӯянд, биё ба ту палтои нав харем. Эйнштейн мегӯяд, ки акнун маро ҷаҳон мешиносад, ба палтои нав чӣ ниёз.
***
Ҳунарпешаи бузурги кино Чарз Спенсер Чаплин ҳодисаеро бомароқ нақл мекард:
Эйнштейн филмҳои Чаплинро дӯст медошт. Боре ба ӯ навишт: «Филматон «Табларзаи тиллоӣ» — ро ҳама дунё мефаҳмад, аз ин рӯ, Шумо шахси бузурге хоҳед шуд». Чаплин ҷавоб дод: «Ман бештар мафтуни Шумоям, ки назарияи нисбиятатонро касе намефаҳмаду бо вуҷуди ин шахси бузург шудед!».
Далелҳои ҷолиб дар бораи Алберт Эйнштейн
- Эйнштейн ба монанди ҳамаи одамони наҷиб баъзе хислатҳои аҷоибу ғароиб дошт. Вай ҳеҷ гоҳ ҷӯроб намепӯшид ва онро бефоида меҳисобид.
- Эйнштейн ғиҷҷакро хеле дӯст медошт ва худаш тасдиқ мекунад, ки агар олим намебуд, мусиқачӣ мешуд, зеро ӯ зиндагӣ, афкор ва андешаи худро тавассути мусиқӣ медид.
- Дар муқоиса ба майнаи сари одамони одӣ устухони пешонии Эйнштейн (қисме, ки маълумотро таҳлил ва коркард менамояд) 15% васеътар буд.
- Эйнштейн ҳамаи маблағҳои аз Ҷоизаи нобелӣ бадастовардаашро, ки аз рӯи ҳисобҳои имрӯза тақрибан 32 250 $ ё 400 000 $-ро ташкил медод, ба завҷааш Милева Марич медод, ки аз маоши профессор якчанд маротиба зиёдтар буд.
- Эйнштейн дар ибтидои фаъолияти худ дар маркази патентӣ кор ва ба патентҳои дастгоҳҳои электромагнитӣ баҳо медод.
- Ғиҷҷаки Эйнштейн Лина ном дошт.
- Эйнштейн бо духтари амакаш, яъне ба завҷаи дуюмаш, ки Элза ном дошт, оиладор шуд ва ӯ духтари амаки олим Рудолф Эйнштейн буд.
- Эйнштейн хотираи хуб надошт ва ҳамеша ному чеҳраи инсонҳо ва рақамҳоро фаромӯш мекард.
- Новобаста аз он ки ҳамагон Эйнштейнро аз рӯйи назарияи нисбият мешиносанд, олим Ҷоизаи Нобелиро барои кашфи ҳодисаи фотоэффект гирифтааст.
- Ба Эйнштейн муяссар гардид, ки фақат ҳисобкуниро дар муддати 15 сол аз худ намояд.
- Дар ибтидои асри ХХ Эйнштейн маҷбур шуд, ки кӯдакони синни мактабиро омӯзонад, зеро вазъи молиявии ӯ хеле паст гардида буд.
- Ба шарафи исми Эйнштейн синдроме номгузорӣ гардидааст, ки аломатҳои асосии он хуб инкишоф наёфтани нутқи кӯдакони то синни 5-сола мебошад. Ин синдромро духтур Томас Соуэл кашф намуд.
- Эйнштейн тӯли 20 сол, аз соли 1913 то соли 1933 директории Институти физикаи кайзер Вилгелмро бар уҳда дошт.
- Эйнштейн ба мисли Шелдон Ли Купер аз силсилафилми «Назарияи таркиши бузург» аз омӯхтани рондани мошин даст кашид.
Ҳикояи акси машҳури Алберт Эйнштейн
Ҷавонон одатан номи Алберт Эйнштейнро шунида, на назарияи нисбият, балки акси машҳуреро, ки дар он олим забонашро боғайрат нишон медиҳад, ба ёд меоранд.
Худи Эйнштейн ин расмро хеле дӯст медошт ва онро дар нусхаҳои зиёд чоп карда, ба дӯстонаш мефиристод. Ин акси машҳур низ рӯзи 14 марти соли 1952 аз ҷониби аксбардор Сейсс дар 72 -солагӣ гирифта шуда буд.
Аксбардор аз олим хоҳиш кард, ки чеҳраи мулоим созад, аммо вай бо шӯхӣ забони худро нишон дод ва худро на танҳо ҳамчун ихтироъкори ҷиддӣ, балки ҳамчун шахси дурахшон ва шодмон нишон дод.
Худи физик ин аксро ғайриодии муваффақона ҳисобид. Зеро ӯро аксар вақт бо образи «нобиғаи бад» унвон мекарданд. Хеле зуд ин расм дар тамоми ҷаҳон машҳур гардид.