ИНТИХОБОТ 2020: оғози марҳилаи сифатан нав дар рушди Тоҷикистон

Март 7, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 07.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Баҳори 2020 дар Тоҷикистон бо падидаи муҳим дар ҳаёти сиёсии кишварамон оғоз гардид. 1 марти соли 2020 интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки аҳамияти бузурги сиёсӣ дошта, қадами қавие дар роҳи эъмори давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо демократияи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ дар ватани мо мебошад. Ин руйдоди сиёсӣ дар доираи Конститутсияи кишвар амалӣ шуда, таҷассумгари озодандешӣ ва ғояҳои мардумсолории ҳамватанони мо мебошад. Он барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар мусоидат хоҳад кард. Ин матлабро доктори илмҳои фалсафа, муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ Рустам ҲАЙДАРОВ дар нигоштае, ки ба АМИТ «Ховар» ворид шуд,  баён доштааст.

Дар идома номбурда чунин изҳори андеша мекунад:

— Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ, чуноне ки мушоҳидони байналмилалӣ таъкид намуданд, озоду шаффоф ҷараён гирифт ва ба мақомоти олии қонунбарор бештар насли ҷавони элитаи сиёсӣ ва иқтисодиву зеҳнии Тоҷикистон, яъне мутахассисони баландпоя, шахсони донишманду соҳибмаърифат ва арзанда интихоб гаштанд. Тоҷикистон барои гузаронидани ин чорабиниҳо аз таҷрибаи ғании давлатҳои демократӣ ба таври васеъ истифода намуд. Аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи номзадҳо ба вакилӣ дар парлумон шароити ҳамсон ташкил гардида, онҳо озодона дар дилхоҳ макон бо интихобкунандагони худ мулоқот гузарониданд. Васоити ахбори оммаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои номзадон ба вакилӣ минбари худро бемонеа ба истифода гузоштанд ва иттилооти воқеиро дар бораи маъракаи пешазинтихоботӣ ба самъи шаҳрвандони кишвар расонидаанд. Албатта барномаҳои пешазинтихоботии аксарият номзадон ба вакилӣ дар парлумони Тоҷикистон орзуву ормонҳои шаҳрвандонро ба эътибор гирифта буданд. Ҳар як шаҳрванди тоҷикистонӣ пеш аз ҳама хоҳони таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодиёти миллӣ, тараққиёти соҳаи иҷтимоӣ, рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ дар кишвар аст. Аз ин рӯ, дар интихоботи баргузоршуда, маҳз ҳизбҳое аксарияти раъйи мардумро гирифтанд, ки омилҳои дар болозикргардида дар таркиби барномаҳои пешазинтихоботии онҳо мавҷуд буданд.

Таҷрибаи раванди сиёсӣ дар Тоҷикистон нишон дод, ки вакилон аз байни номзадҳои арзандае, ки ватандӯсту соҳибтаҷриба ҳастанд, интихоб шуданд. Ин омил шаҳрвандони ба вакилӣ интихобшударо водор месозад, ки дар тамоми давраи ваколаташон дар парлумон ба мандати вакилии худ сазовор бошанд, манфиати ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва давлатро ифода ва ҳифз намоянд, барои некўаҳволӣ ва беҳбудии шаҳрвандони Тоҷикистон софдилона ва беғараз хизмат намоянд.

Натиҷаи интихоботи баргузоршуда гувоҳи он аст, ки сатҳи маданияти сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон хеле баланд гардидааст. Дар ин чорабинӣ, мувофиқи омори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар интихобкунандагон иштирок намуданд, ки ин 86,4%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи раъйдиҳии озоди интихоботкунандагони кишвар, шаш ҳизби сиёсие, ки дар Тоҷикистон расман фаъолият доранд, дар парлумони даъвати шашум соҳиби мандати вакилӣ гаштанд. Ҳизби Аграрии Тоҷикистон — 7 курсӣ; Ҳизби Демократии Тоҷикистон — 1 курсӣ; Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон — 5 курсӣ; Ҳизби коммунист — 2 курсӣ; Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон — 1 курсӣ; Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — 47 курсиро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои панҷ соли оянда ишғол менамоянд.

Бо интихоби вакилони арзандаи худ интихобкунандагон масъулияти олии шаҳрвандии худро бараъло нишон доданд. Мардуми фарҳангсолор ва тамаддунсози тоҷик бо додани раъйи худ сулҳу суботи комилро дар ҷомеаи мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин интихоб намудааст. Дар даврони муттазоди ҷаҳонишавӣ ва бархурдҳои геополитикӣ интихоботи навбатӣ ба парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон унсури калидӣ дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар ҷомеаи мо аст. Истиқлоли давлатӣ барои тоҷикон имкони воқеии амалӣ намудани идеалҳои давлатдорӣ ва мардумсолориро фароҳам овард.

Дар натиҷаи сиёсати оқилонаи роҳбарияти Тоҷикистон дар самти ташаккули сармояи инсонӣ, имрӯз насли наврасу ҷавон ба воя расиданд, ки дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия шудаанд. Таҷрибаи демократияи ҷаҳонӣ собит сохт, ки риояи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда кафили пешрафту тараққиёт мебошанд. Нишонаи барҷастаи давлати ҳуқуқбунёд пеш аз ҳама эътироф шудани принсипи волоияти қонун аст. Иштирок дар раванди интихобот яке аз ҳуқуқҳои бунёдии шаҳрвандон мебошад ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин ҳуқуқи конститутсионии худ дар интихоботи навбатӣ бо ифтихор истифода намуданд.

Таҳлили интихоботи соли 2020 ба парлумони Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксарияти ҳизбҳо кўшиш намуданд, то байни ҳам рақобати солими сиёсӣ дошта бошанд. Онҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ аз изҳоротҳои ҳангомаҷӯ ва ҳарзагўиҳои беҳуда худдорӣ намуданд, ки ин боиси афзудани обруву нуфузи ҳизбҳои сиёсӣ дар байни ҷомеаи тоҷик гардид. Ҳамчунин ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ дар маъракаи пешазинтихоботӣ кўшиш намуданд, ки барои худ шарикони сиёсӣ пайдо кунанд ва дар ин замина ҷиҳати инкишофи маданияти сиёсии ҷомеаи мардумсолори тоҷик саҳми худро гузоранд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки интихоботи навбатӣ ба таҳкими низоми бисёрҳизбӣ дар кишвар тақвият мебахшад. Низоми бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон рукни калидии сохтори демократии кишвари соҳибистиқлоли мо буда, дар шароити рақобати сиёсӣ ташаккул ёфтааст. Интихобот ба парлумон ҳамчун маъракаи муҳим ҳизбҳои сиёсиро дар Тоҷикистон водор намуд, ки барои пешбурди фаъолияти худ аз нерўи зеҳнии занону ҷавонон, ки дар Тоҷикистон қишри асосии ҷомеаро ташкил медиҳанд бештар истифода намоянд. Аз ин лиҳоз, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки имрӯз кулли ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи мо ҳамчун нерўи пешбарандаи ҳаёти сиёсӣ шинохта шудаанд.


Дар тули 29 соли Истиқлоли давлатӣ дар назди ҷомеаи мо ҳадаф ва вазифаҳои гуногуни стратегӣ меистоданд. Ҳар мушкилоте, ки дар назди кишвари мо мавҷуд буданд, дар натиҷаи ҳамкории пурсамар ва судманди ҳамаи шохаҳои ҳокимият, аз ҷумла ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти иҷроия, ҷомеаи шаҳрвандӣ бартараф гариданд. Дар марҳилаҳои гуногуни давлатдории миллии мо ҳадафҳои мушаххас муайян гардида, кулли неруҳои созандаи ҷомеа барои расидан ба он сафарбар мегардид. Имруз ҳам парлумони тозаинтихоби Тоҷикистон тавре ташаккул ёфтааст, ки иқтидори неруҳои созандаро дар расидан ба ҳадафҳои стратегӣ тақвият бидиҳад. Айни замон қишрҳои гуногуни ҷомеаи мо барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии давлат ба фаъолияти созанда омода ҳастанд.

Бешубҳа, интихобот дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамон аҳамияти хоса дошта, бунёди мавҷудияти ҷомеаи демократии мо ба ҳисоб меравад. Ба ҳамин хотир, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот таҷассуми олии бевоситаи ҳокимияти халқ ба ҳисоб меравад. Соли 2020 дар Тоҷикистон бо баргузоршавии интихобот ба парлумон оғоз гардид ва мо ба марҳилаи сифатан нави рушди кишварамон қадам ниҳодем. Рисолати шаҳрвандони давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз он иборат аст, ки мо ҳамагӣ дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ бошем, ваҳдати миллиро дар ҷомеа ҳамчун дастоварди нодир ҳифз намоем ва бо умеди нек ба ояндаи дурахшони кишварамон ба Ватан хизмат намоем.

Март 7, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Камбоҷа аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва нақши он дар таъмини ҳамзистии сиёсӣ-иҷтимоӣ ёдовар шуданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар конфронси байналмилалӣ дар Туркманистон иштирок намуданд
Оид ба иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ муҳокимаи парлумонӣ доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Дейнс мулоқот намуд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
Дар Маҷлиси намояндагон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтанд