Кӯдакон ва наврасон хавфи аз ҳама ками гирифторӣ ба коронавирус доранд
ДУШАНБЕ, 05.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Олимони чинӣ имконияти сироятёбӣ аз коронавируси намуди навро дар одамони синни гуногун таҳлил карданд. Кӯдакони то 10-сола ва наврасони аз 10 то 19-сола нисбат ба дигарон имконияти камтарини гирифтор шудан ба ин бемориро доранд. Дар умум, ҳиссаи ин гуна беморон дар байни сироятшудагон ҳамагӣ 2 фоизро ташкил медиҳад. Ин тадқиқот аз ҷониби маҷаллаи илмии «JAMA» нашр шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ТАСС бо истинод ба маркази назорати бемориҳо ва пешгирии ҶМЧ иттилоъ медиҳад.
Тадқиқот бо маълумот оид ба тақрибан 45 ҳазор ҳолати тасдиқгаштаи беморӣ, ки то 12 феврали соли 2020 гирд оварда шудаанд, асоснок гардидааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳиссаи калонтарин- 86,6% сироятёфтагон ба гурӯҳи синнашон аз 30 то 79 дохил мешаванд. Айни ҳол ин беморӣ ба кӯдакони то 10-сола 0,9 фоиз, ба гурӯҳи аз 10 то 19-сола 1,2 фоиз рост меояд.
Муаллифони тадқиқот хулосаҳои қаблии ҳамкасбони худро оид ба он ки хатари беморӣ бештар ба пиронсолон таҳдид мекунад, тасдиқ месозанд. «Вирус нахуст ба одамони гирифтори бемориҳои музмин, аз қабили нафастангӣ, диабети қанд ва ба беморони дилу рагҳо таъсир мерасонад» ,- гуфта мешавад дар мақола.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






