Кӯдакон ва наврасон хавфи аз ҳама ками гирифторӣ ба коронавирус доранд

Март 5, 2020 11:51

ДУШАНБЕ, 05.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Олимони чинӣ  имконияти сироятёбӣ аз коронавируси намуди навро дар одамони синни гуногун таҳлил карданд. Кӯдакони то 10-сола  ва наврасони  аз 10 то 19-сола нисбат ба дигарон имконияти камтарини гирифтор шудан ба ин бемориро доранд. Дар умум, ҳиссаи ин гуна беморон дар байни сироятшудагон ҳамагӣ 2 фоизро ташкил медиҳад. Ин тадқиқот аз ҷониби маҷаллаи илмии «JAMA» нашр шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ТАСС бо истинод ба маркази назорати бемориҳо  ва пешгирии ҶМЧ иттилоъ медиҳад.

Тадқиқот  бо маълумот оид ба тақрибан 45 ҳазор ҳолати тасдиқгаштаи беморӣ, ки то 12 феврали соли 2020 гирд оварда шудаанд, асоснок гардидааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳиссаи калонтарин-  86,6% сироятёфтагон ба гурӯҳи синнашон аз 30 то 79  дохил мешаванд. Айни ҳол ин беморӣ  ба кӯдакони то 10-сола 0,9 фоиз, ба гурӯҳи аз 10 то 19-сола 1,2 фоиз  рост меояд.

Муаллифони тадқиқот хулосаҳои қаблии ҳамкасбони худро оид ба он ки хатари беморӣ бештар ба пиронсолон таҳдид мекунад, тасдиқ месозанд. «Вирус  нахуст ба одамони гирифтори бемориҳои музмин, аз қабили нафастангӣ, диабети қанд ва ба беморони дилу рагҳо   таъсир мерасонад» ,- гуфта мешавад дар мақола.

Март 5, 2020 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 1600 нафар барои либосе, ки чеҳраро пурра мепӯшонад, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид