КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Минбаъд ирсоли хабарномаҳои судӣ бо истифода аз алоқаи электронӣ ва мобилӣ сурат мегирад

Март 20, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 20.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар таҳрири нав  ифода намудани моддаи 120-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҷараёни  хабардоркунии шахсони иштироккунандаи парванда марбут ба амалҳои мурофиавӣ алоқаманд аст. Тибқи меъёрҳои амалкунанда, бевосита ё тавассути почта равон намудани хабарномаҳои судӣ ба шахсони  иштироккунандаи парванда  дар шароити кунунӣ қаноатмандкунанда нестанд. Ҳолатҳое ҷой доранд, ки хабарномаҳо сари вақт  ё умуман  ба суроғаи таъйиншуда  дастрас намегарданд. Ин ҳолат  барои  дар муҳлати дар  қонун пешбинигардида баррасӣ намудани  парвандаҳо  таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, бо дарназардошти пешрафти  технологияи инноватсионӣ  дар замони муосир  ирсоли хабарномаҳои судӣ минбаъд бо истифода аз алоқаи электронӣ ва мобилӣ  сурат мегирад.    

Ин матлаб зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  тағйиру иловаҳо  ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иҷлосияи бисту дуюми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон – Маҷлиси миллӣ 19 март  баён гардид.

Раиси  Кумитаи Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Озода Раҳмон Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани  тағйиру иловаҳо  ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тавзеҳ дода, зикр намуд, ки  он аз ҷониби Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони  мамлакат бо мақсади  иҷрои «Барномаи  ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои  солҳои 2019-2021»  пешниҳод гардидааст.

Инчунин қонуни мазкур  бо мақсади мутобиқгардонии  истифодаи мафҳумҳои ягона дар қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушаххас гардонидани меъёрҳои  алоҳида ва меъёрҳои нав, ки амалҳои  алоҳидаи мурофиавиро  зимни  баррасии парвандаҳои иқтисодӣ  ба танзим медароранд, инчунин ҷиҳати таҳрири  баъзе аз меъёрҳои  амалкунандаи қонунгузории мурофиавии  иқтисодӣ таҳия шуда, онро 25 декабри соли 2019 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуда буданд.

Қонуни  мазкур  ба таҳкими мурофиаи  суди иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, ҳокимияти судӣ нигаронида шуда, ҳадафаш  такмили меъёрҳои алоҳидаи  Кодекси мурофиавии  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушаххас намудани  салоҳияту вазифаҳои  судҳои иқтисодии мамлакат, инчунин марҳилаи кассатсионии он мебошад.

Вакилон  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани  тағйиру иловаҳо  ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ карданд.

Март 20, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ