МАЙДОН АЗ ДАЛЕР АСТ! Шоҳҷоизаи «Ҷоми пойтахт-2020» насиби Темур Раҳимов шуд
ДУШАНБЕ, 22.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар иттилоъ додем, рӯзҳои 20-21 март дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2020» баргузор шуд. Дар мусобиқа, ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардид, 209 нафар паҳлавонони ҷумҳурӣ дар ҳайати 8 даста иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Рӯзи аввал қувваозмоиҳои даврҳои муқаддамотӣ дар 8 категорияи вазнӣ баргузор шуда, беҳтаринҳо ба даври финалӣ, ки рӯзи дуюм доир шуд, роҳхат гирифтанд.
Ба финали вазни -60кг ду бародар – Муҳаммадризо ва Муҳаммадсолеҳ Қувватовҳо роҳ ёфтанд ва медали тиллоро Муҳаммадсолеҳ ба Муҳаммадризо туҳфа кард. Ҷои сеюмро дар ин вазн Муслимбек Каримов пас аз пирӯзӣ бар Ҷомии Ҳасан ишғол намуд.
Дар вазни -65кг Ёқубҷон Боқиев нисбат ба ҳарифон пурзӯр буд. Ӯ дар финал бар Идибек Сафаров ғолиб омад. Медали биринҷӣ насиби Баҳром Суфиев гардид, ки дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Хайрандеш Муродзодаро мағлуб намуд.
Субҳиддин Халилзода пас аз пирӯзӣ бар Муҳаммадисо Раҷабов медали тиллои вазни -70кг-ро сазовор шуд. Медали биринҷӣ насиби Шаҳзод Воҳидов гашт, ки барои ҷои сеюм бар Муҳаммадиқбол Тошев пирӯз шуд.
Дар даври финалии вазни -75кг паҳлавонони шинохта гуштин гирифтанд. Деваштич Убайдӣ пас аз пирӯзӣ бар Мубориз Мунавваров ҷои аввалро ишғол кард. Медали биринҷиро Қандил Саидов ба даст овард.
Қувваозмоиҳои вазни -80кг низ ҷолиб сурат гирифта, дар даври ниҳоӣ Раҳматулло Фарҳодов нисбат ба Саидмухтор Расулов бартарӣ нишон дод. Медали биринҷии ин вазн насиби Оламафрӯз Абдураҳмонов гардид, ки дар қувваозмоӣ бо Ҳайдар Сайкабирзода дастболо шуд.
Медали тиллои вазни -90кг-ро Ҷаҳонгир Маҷидов соҳиб шуд. Ӯ дар финал Зафар Олимшоевро шикаст дод. Дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Комрон Карликов бар Балаҷон Бегов ғолиб омад.
Дар вазни -100кг бахти Шамшод Абдуллоев омад кард. Ӯ дар финал Саидҷалол Саидовро мағлуб сохт. Медали биринҷиро Фирдавс Насимов пас аз ғалаба бар Хуршед Маҷидов ба даст овард. Дар вазни +100кг Темур Раҳимов пас аз пирӯзӣ бар Шакармамад Мирмамадов медали тиллоро ба гардан овехт. Дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Суҳроб Муҳаммадиев Фарҳод Шайховро мағлуб кард.
Ғолибону ҷоизадорон бо медалҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҷоизаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз шуданд.
Сипас, бо иштироки варзишгарони вазнашон аз 80 кг боло қувваозмоӣ барои дарёфти шоҳҷоиза – автомобил – сурат гирифт. Паҳлавонони шинохта Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов дар финал бори дигар рӯ ба рӯ шуданд ва ин бор низ Темур Раҳимов бартарӣ нишон дода, шоҳҷоиза ва Ҷоми пойтахтро ба даст овард. Ҷои сеюм насиби Саидҷалол Саидов шуд.








«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид






