Маркази маъмурии деҳоти «Ҳалевард» ба ҷои дигар кӯчонида мешавад

Март 20, 2020 08:55

ДУШАНБЕ, 20.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Сарҳадҳои шаҳраки Балхи деҳоти «Ҳалевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тағйир дода шуда, маркази маъмурии деҳоти «Ҳалевард» ба ҷои дигар кӯчонида мешавад. Дар ин бора 19 март дар иҷлосияи бисту дуюми палатаи болоии Парлумони  Тоҷикистон-  Маҷлиси миллӣ қарори  марбута қабул гардид.

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода, ки ин масъаларо дар назди аъзои  Маҷлиси миллӣ шарҳ дод, гуфт, ки тағйир додани сарҳадҳои шаҳраки Балх ва деҳоти «Ҳалевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  ва ба ҷойи  дигар кӯчонидани маркази маъмурии деҳоти «Ҳалевард»  бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон сурат мегирад. Маркази маъмурии деҳоти «Ҳалевард», ки айни замон деҳаи Ёш-Ленинчӣ мебошад, баъди тағйири сарҳад ба қисми боқимондаи деҳаи Максим Горкий кӯчонида мешавад.

Зикр шуд, ки шаҳраки Балх маркази маъмурии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, дар самти ҷануби ҷумҳурӣ дар водии Вахш, дар масофаи 132 километр аз пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Он ҳамчун маҳали аҳолинишин соли 1814 таъсис ёфтааст. Дар шаҳрак 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияи давлатӣ, инчунин муассисаҳои табобатӣ, аз қабили маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, маркази ВНМБ-и байниноҳиявӣ, марказҳои бемориҳои сил, чашм, пӯсту сирояти ҷинсӣ, дандонпизишкӣ, тарзи ташаккули ҳаёти солим, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, эмтаъминкунӣ ва солимии репродуктивӣ фаъолият доранд.

Шумораи аҳолии шаҳраки Балх то 1 марти соли 2017  19100 нафарро ташкил додааст. Деҳаҳои Ёш-Ленинчӣ, Тимошенко, Ғалаба, қисман деҳаҳои Гагарин, Истгоҳи Киров, Максим Горкий ва Ленингради деҳоти «Ҳалевард» ба шаҳраки Балх наздиканд. Дар самти ғарбии шаҳрак шаҳристони қадимаи бостоншиносӣ мавҷуд мебошад, ки дар он ҳафриёти шаҳрис­тони қадимаи Кофирқалъа гузаронида мешавад. Минбаъд шаҳристон ба маркази ҷалби сайёҳон табдил ва дар он инфрасохтори марбута, аз қабили меҳмонхонаҳо, қаҳвахонаю мавзеи муҳофизатии табиат бунёд карда мешаванд.

Март 20, 2020 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид