Миёни вазоратҳои тандурустии кишварҳои узви ИДМ видеоконфронс оид ба вазъи cирояти коронавирус доир шуд

Март 19, 2020 16:10

ДУШАНБЕ, 19.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни як зумра вазоратҳои тандурустии кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба вазъи сирояти коронавирус дар давлатҳои минтақа видеоконфронс доир гардид.  Дар он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода  иштирок намуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар  доданд, дар видеоконфронси мазкур  намояндагони вазоратҳои тандурустии  Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Арманистон иштирок  намуда, вобаста ба вазъи сирояти коронавирус дар кишварҳояшон маълумот доданд.

Зимни видеоконфронс зикр  шуд, ки то 19 март дар миқёси кишварҳои  ИДМ 450 ҳолати гирифторӣ ба сирояти коронавирус, аз ҷумла дар Россия 147, Арманистон 110, Беларус 51, Молдавия 36, Қазоқистон 35, Озарбойҷон 34, Украина 16, Ӯзбекистон 18 ва дар Қирғизистон 3 ҳолат ба қайд гирифта шудаанд. То кунун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар идома иштирокчиёни видеоконфронс вобаста ба паҳлуҳои дигари масъала табодули афкор намуданд.

Имрӯз  ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Ҷумҳурии Мардумии Чин (беш аз 80,9 ҳазор), Италия (беш аз 35,7 ҳазор), Эрон (беш аз 17,3 ҳазор), Испания (беш аз 14,7 ҳазор), Германия (беш аз 12,3 ҳазор), ИМА (беш аз 9,4 ҳазор), Франсия (беш аз 9,1 ҳазор), Кореяи Ҷанубӣ (беш аз 8,5 ҳазор), Швейтсария (беш аз 3,1 ҳазор) ва Британияи Кабир (беш аз 2,6 ҳазор) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  дар ҷаҳон беш аз 219 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 8,9 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 85,7 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,8 ҳазор нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Март 19, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон