Миёни вазоратҳои тандурустии кишварҳои узви ИДМ видеоконфронс оид ба вазъи cирояти коронавирус доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни як зумра вазоратҳои тандурустии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба вазъи сирояти коронавирус дар давлатҳои минтақа видеоконфронс доир гардид. Дар он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода иштирок намуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар видеоконфронси мазкур намояндагони вазоратҳои тандурустии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Арманистон иштирок намуда, вобаста ба вазъи сирояти коронавирус дар кишварҳояшон маълумот доданд.
Зимни видеоконфронс зикр шуд, ки то 19 март дар миқёси кишварҳои ИДМ 450 ҳолати гирифторӣ ба сирояти коронавирус, аз ҷумла дар Россия 147, Арманистон 110, Беларус 51, Молдавия 36, Қазоқистон 35, Озарбойҷон 34, Украина 16, Ӯзбекистон 18 ва дар Қирғизистон 3 ҳолат ба қайд гирифта шудаанд. То кунун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар идома иштирокчиёни видеоконфронс вобаста ба паҳлуҳои дигари масъала табодули афкор намуданд.
Имрӯз ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Ҷумҳурии Мардумии Чин (беш аз 80,9 ҳазор), Италия (беш аз 35,7 ҳазор), Эрон (беш аз 17,3 ҳазор), Испания (беш аз 14,7 ҳазор), Германия (беш аз 12,3 ҳазор), ИМА (беш аз 9,4 ҳазор), Франсия (беш аз 9,1 ҳазор), Кореяи Ҷанубӣ (беш аз 8,5 ҳазор), Швейтсария (беш аз 3,1 ҳазор) ва Британияи Кабир (беш аз 2,6 ҳазор) дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷаҳон беш аз 219 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 8,9 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 85,7 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,8 ҳазор нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд.










35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






