Намояндагони Ассотсиатсияи корхонаҳои Франсия — MEDEF ва French Mountain Guides Association ба Тоҷикистон меоянд
ДУШАНБЕ, 04.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрели соли равон намояндагони Ассотсиатсияи корхонаҳои Франсия — MEDEF ва Ассостсиатсияи роҳбаладони кӯҳии Франсия — French Mountain Guides Association ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд. Дар ин бора зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо намояндаи доимии Ҷумҳурии Франсия дар Осиёи Марказӣ вобаста ба масъалаҳои иқтисодӣ Паскал Роло ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар иттилоъ дода шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ мақсади ташрифи намояндагони ассотсиятсҳои мазкур тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф арзёбӣ гардида, сафари онҳо тибқи дастуру супоришҳое, ки сарони давлатҳои ҳарду ҷониб ҳангоми сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Франсия дода шуда буданд, сурат мегирад.
Инчунин зимни вохӯрӣ атрофи вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла ҷалби сармояи франсузӣ ва зиёд намудани шумораи ширкатҳои дигари он кишвар ҷиҳати фаъолият дар Тоҷикистон, тақвияти иқтидори содиротии ҷумҳурӣ бо таъсис додани маркази логистикӣ, ба роҳ мондани бандубаст, нигоҳдорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкорӣ дар самти бахши хусусӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, идомаи ҳамкорӣ дар самти авиатсияи гражданӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷоннок намудани ҳамкории ширкатҳои сайёҳии франсузӣ ва тоҷикистонӣ ибрози назар намуданд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






