Намояндаи расмии «Ла Лига» дар Осиёи Марказӣ Қайс Раҳмонӣ аз ТВ «Варзиш» боздид намуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» солҳост, ки бо яке аз бонуфузтарин лигаҳои футболи қораи Аврупо «Ла Лига» ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ мондааст. Дар доираи ҳамкории дуҷониба чанде пеш намояндаи расмии «Ла Лига» дар Осиёи Марказӣ — Қайс Раҳмонӣ аз ТВ «Варзиш» боздид намуд. Дар ин бора шореҳи варзиши телевизиони мазкур Бобо Холмуродзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои номбурда, Қайс Раҳмонӣ зимни боздид бо шароити техникиву эҷодии ин шабакаи телевизионии варзишӣ шинос шуд. Мақсад аз ҳузури намояндаи футболи Испания, пеш аз ҳама, боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи мутахассисони соҳа маънидод гардид. Ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда ҳайати эҷодиву техникии ТВ «Варзиш» бо мақсади баланд бардоштани дониш ва таҷрибаи кормандон дар Испания ба курсҳои махсуси бозомӯзӣ ҷалб карда мешаванд.
Ташаббуси дигари ин ҳамкорӣ дар самти ҷалби нобиғаҳои футболи испанӣ, ба монанди Карлес Пуйол, Икер Касиляс, Раул ва дигарон мебошад. Тибқи мувофиқа, минбаъд чеҳраҳои саршиноси футболи ин мамлакат ба давлати офтобии мо даъват шуда, бо мухлисон аз наздик мулоқот хоҳанд кард. Боздиди мазкур аввалин иқдоми роҳбарияти Ла Лига ва ТВ «Варзиш» буда, дар оянда низ идома хоҳад кард.
Директори Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» ва ҳамзамон муовини Котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Парвиз Нориён дар чаҳорчӯби стратегияи байналмилалии «Ла Лига» 21 феврали соли 2020 бо мақсади баррасии имкониятҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд аз қароргоҳи «Ла Лига» дар шаҳри Мадрид боздид намуд. Аввалин меҳмони худ аз Тоҷикистонро дар «Ла Лига» Октави Аноро — сардори Идораи шабакаҳои глобалии «Ла Лига» (LaLiga Global Network), Қайс Раҳмонӣ — намояндаи «Ла Лига» барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Алонсо Аристегуи — сармутахассиси Идораи шабакаҳои глобалӣ ба ҳузур пазируфтанд.
Дар қароргоҳи мазкур Парвиз Нориён бо фаъолияти ҳар як департаменту идора шинос гардида, аз таҷрибаи пешрафтаи онҳо дар самти трансформатсияи байналмилалӣ ва сохтори ташкилии «Ла Лига» дар ҷаҳон ва манотиқ тариқи намояндагиҳои минтақавии он аз масъулин маълумот гирифт.
Ҳамчунин дар чаҳорчӯби вохӯриҳои минбаъда якчанд лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки метавонанд барои рушди футболи наврасон ва ҷавонон бо дастгирии «Ла Лига» дар Тоҷикистон самарабахш бошанд, муаррифӣ гардиданд. Ҳамзамон ҷиҳати ҳамкории судманди «Ла Лига» ва телевизиони «Варзиш» дар самти ҳамгироӣ ва алоқамандии ҳарчӣ бештари мухлисон дар Тоҷикистон бо беҳтарин лигаи ҷаҳон оид ба баргузории чорабинӣ дар шаҳри Душанбе мувофиқаи расмӣ ба миён омад. Дар фарҷом масъулини «Ла Лига» барои аввалин меҳмони худ аз Тоҷикистон ба варзишгоҳи муҳташаму нодири худ- «Ванда Метрополитано» сафари шиносоӣ ташкил намуданд.
1 март дар «Кохи Суруш» дар ҳамкорӣ бо ширкати «Сиёма» барои мухлисони тоҷик ҷиҳати тамошои расмии рақобати сермухлистарин футболи сайёра- «Эл классико» имкон фароҳам оварда шуд. Ин иқдом аллакай тариқи тамоми саҳифа ва сомонаҳои «Ла Лига» ва намояндагиҳои он тарғиб карда шудааст. Мувофиқа гардид, ки дар оянда ҷонибҳо баҳри рушди ҳамкории мутақобилан судманд чораҷуӣ ва гуфтушунидҳоро идома медиҳанд.










Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт
Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд






