ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад

Март 11, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 11.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Туман мефарояд.  Дар минтақаҳои  кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва шоҳроҳҳои Душанбе–Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 17-22 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад.  Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барфи тар борида, туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда,  дар водиҳо ва ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф ба амал меояд.  Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва  рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм ва  рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.

Март 11, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд