Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шоҳҷоиза-се мошини сабукравро сазовор гардиданд
ДУШАНБЕ, 26.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни ниёгон-Наврӯзи хуҷастапай мусобиқаи гӯштини миллӣ бо доираи васеи паҳлавонон ва мухлисони сершумори ин варзиши суннатӣ ҷолибу диданӣ сурат гирифт. Мусобиқаи мазкур дар варзишгоҳи марказии ноҳияи мазкур доир гардида, паҳлавонони шинохтаи мамлакатро, аз ҷумла Шакармамад Мирмамадов, Хуршед Маҷидов, Фирдавс Насимов, Ҳақназар Назаров, Эмомризо Қурбонзода ва дигаронро ба ҳам овард. Ғолибон мусобиқа бо шоҳҷоизаҳои он — се мошини сабукрав сазовор гардиданд.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.
Марҳилаи аввали чорабинӣ бо қувваозмоии паҳлавонони сабуквазн оғоз ёфт. Сипас рақобат миён паҳлавонони маъруф идома ёфта, онҳо дар майдон ҳунару маҳорати шоистаи таҳсин нишон доданд.
Ҳамин тариқ дар вазни 60 кг барои дарёфти шоҳҷоизаи аввал бародарон — Муҳаммадризо Қувватов ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов қувва санҷиданд. Дар ин рақобати ҷолиб Муҳаммадризо ғолиб гардид.
Дар вохӯрии ниҳоии вазни 70 кг бошад, боз ҳам ду бародар -Ҳусейн Исоқов ва Ҳасан Исоқов вориди майдони шуданд. Дар ин сабкат Ҳасан Исоқов ғолиб омад.
Барои дарёфти шоҳҷозаи дигар дар вазни 90 кг Эмомризо Қурбонзода бо Ҳақназар Назаров рақобат намуд. Дар ин қувваозмоӣ ғолибият насиби Ҳақназар Назаров гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар ду рақобати ҷолиби дигар Фирдавс Насимов бар Хуршед Маҷидов ва Шакармамад Мирмамадов бар Давлат Назриев дастболо шуданд. Ҳамин тариқ мусобиқаи мазкур хотирмон анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем,ки мусобиқаҳои гӯштини миллӣ бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ дар дигар минтақаҳои мамлакат бо шукуҳӯ шаҳомати хосса идома доранд.








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Паралимпичиёни Тоҷикистон дар III Фестивали байналмилалии мутобиқкунонии намудҳои варзиш «ИМПУЛС» 35 медал ба даст оварданд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






