Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шоҳҷоиза-се мошини сабукравро сазовор гардиданд

Март 26, 2020 10:26

ДУШАНБЕ, 26.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба  ифтихори  таҷлили ҷашни ниёгон-Наврӯзи  хуҷастапай  мусобиқаи гӯштини миллӣ  бо доираи васеи паҳлавонон ва мухлисони сершумори ин варзиши суннатӣ ҷолибу диданӣ сурат гирифт. Мусобиқаи мазкур дар варзишгоҳи марказии ноҳияи мазкур  доир гардида, паҳлавонони шинохтаи мамлакатро,  аз  ҷумла  Шакармамад Мирмамадов, Хуршед Маҷидов, Фирдавс Насимов, Ҳақназар Назаров, Эмомризо Қурбонзода ва дигаронро ба ҳам овард. Ғолибон мусобиқа бо шоҳҷоизаҳои он — се мошини сабукрав сазовор гардиданд.

Дар ин бора  шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Марҳилаи аввали чорабинӣ бо қувваозмоии паҳлавонони сабуквазн  оғоз  ёфт.  Сипас рақобат миён паҳлавонони маъруф идома ёфта, онҳо дар майдон ҳунару маҳорати шоистаи таҳсин нишон доданд.

Ҳамин тариқ дар вазни 60 кг барои дарёфти шоҳҷоизаи аввал бародарон — Муҳаммадризо Қувватов ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов қувва санҷиданд.  Дар ин рақобати ҷолиб Муҳаммадризо ғолиб гардид.

Дар вохӯрии ниҳоии вазни 70 кг бошад, боз ҳам ду бародар -Ҳусейн Исоқов ва Ҳасан Исоқов вориди майдони шуданд. Дар ин сабкат Ҳасан Исоқов  ғолиб  омад.

Барои дарёфти шоҳҷозаи дигар дар вазни 90 кг Эмомризо Қурбонзода бо Ҳақназар Назаров рақобат намуд.  Дар ин  қувваозмоӣ ғолибият насиби Ҳақназар Назаров гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар ду рақобати ҷолиби дигар  Фирдавс  Насимов бар  Хуршед Маҷидов ва Шакармамад Мирмамадов бар Давлат Назриев дастболо шуданд. Ҳамин тариқ мусобиқаи мазкур  хотирмон анҷом ёфт.

Ёдовар  мешавем,ки  мусобиқаҳои гӯштини миллӣ бахшида ба иди Наврӯзи  байналмилалӣ дар дигар минтақаҳои мамлакат бо шукуҳӯ шаҳомати хосса идома доранд.

Март 26, 2020 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд