ОВОЗАҲО ДАР БОРАИ «ДЕЗИНФЕКСИЯ» КАРДАНИ ШАҲР АСОС НАДОРАНД. Чунин изҳор намуд муовини якуми Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саид Давлатзода
ДУШАНБЕ, 18.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ хабаре бо чунин мазмун дар гардиш аст: «Имрӯз аз соати 23:00 то 5:00 субҳ дар шаҳри Душанбе чархболҳо барои дезинфексия кардан дору мепошанд. Бояд тирезаҳо ва айвонҳои хонаҳо маҳкам бошанд ва баъди соати 23:00 дар кӯчаҳо гаштан мумкин нест».
Дар робита ба ин овозаҳо муовини якуми Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саид ДАВЛАТЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки чунин хабару овозаҳо ҳақиқат надошта, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеҷ як қисми низомии мамлакат оид ба ин масъала дархост ирсол нагардидааст.
«То имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки ба чунин хабару овозаҳо бовар накунанд. Бо вуҷуди ин, аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута чораҳо ҷиҳати пешгирии интиқоли коронавирус ба мамлакат пурзӯр шуда истодаанд. Айни замон бо мақсади огоҳонидани аҳолӣ ҷиҳати пешгирии коронавирус аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми манотиқи мамлакат корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ ба роҳ монда шуда, варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба рияои қоидаҳои гигиению санитарӣ ба шаҳрвандони мамлакат ройгон тақсим карда мешаванд»,- гуфт номбурда.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 1 феврал то 18 марти соли равон 1890 нафар шаҳрвандоне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, бо карантин фаро гирифта шудаанд.
Аз ин шумора то санаи зикргардида 1426 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 464 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии мамлакат дар карантин қарор доранд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар накунанд.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






