ОВОЗАҲО ДАР БОРАИ «ДЕЗИНФЕКСИЯ» КАРДАНИ ШАҲР АСОС НАДОРАНД. Чунин изҳор намуд муовини якуми Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саид Давлатзода

Март 18, 2020 16:35

ДУШАНБЕ, 18.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ хабаре бо чунин мазмун дар гардиш аст: «Имрӯз аз соати  23:00 то 5:00 субҳ дар шаҳри Душанбе чархболҳо барои дезинфексия кардан дору мепошанд. Бояд тирезаҳо ва айвонҳои хонаҳо маҳкам бошанд ва баъди соати 23:00 дар кӯчаҳо гаштан мумкин нест».

Дар робита ба ин овозаҳо муовини якуми Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Саид ДАВЛАТЗОДА  ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иброз дошт, ки чунин хабару овозаҳо  ҳақиқат надошта, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеҷ як қисми низомии мамлакат оид ба ин масъала дархост  ирсол нагардидааст.

«То имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки ба чунин хабару овозаҳо бовар накунанд. Бо вуҷуди ин, аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута чораҳо ҷиҳати пешгирии интиқоли  коронавирус ба мамлакат пурзӯр шуда истодаанд. Айни замон бо мақсади огоҳонидани аҳолӣ ҷиҳати пешгирии коронавирус аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми манотиқи мамлакат корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ ба роҳ монда шуда, варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба рияои қоидаҳои гигиению санитарӣ ба шаҳрвандони мамлакат ройгон тақсим карда мешаванд»,- гуфт номбурда.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 1  феврал то 18 марти соли равон 1890 нафар шаҳрвандоне, ки аз   Ҷумҳурии Мардумии  Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, бо  карантин фаро гирифта шудаанд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 1426 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 464 нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат   дар карантин  қарор доранд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар накунанд.

Март 18, 2020 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид