Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии «Мақсудҷон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 23.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷмааи хизматрасонии «Мақсудҷон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти хизматрасонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад.
Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар ин маҷмаа соли 2017 оғоз гардида, он дар асоси лоиҳа бо дарназардошти сохти меъмории миллӣ бунёд гардидааст.
Маҷмааи хизматрасонии «Мақсудҷон» дорои тарабхона барои 200 нафар, қаҳвахона ва дигар иншооти ёрирасон буда, дар маҷмуъ дар доираи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд 15 нафар аз сокинони маҳаллӣ cоҳиби ҷойи кори доимӣ гаштанд.
Пас аз ифтитоҳи иншооти нав дар ҳаминҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои 100 нафар ятим аз ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Истаравшан туҳфаҳои идона тақдим карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ятимон пайваста зери ғамхории хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимини сафарҳои кории хеш ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамеша аз ҳолу аҳволи табақаи эҳтиёҷманд, нафақахӯрон, камбизоатон, маъюбон ва ятимону бепарасторон огаҳ шуда, бо онҳо аз наздик мулоқот анҷом медиҳанд.
Имрӯз низ ба ятимон аз ҷониби Сарвари давлат сару либос, ширинӣ ва туҳфаҳои пулӣ тақдим гардида, ҳамчунин дастархони пурнозу неъмат ороста шуд, ки боиси болидарӯҳии онҳо гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






