РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Яке аз саромадони энергетикаи тоҷик Баҳром Сироҷев 80-сола шуд

Март 3, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 03.00.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 март яке аз олимони соҳаи энергетика, академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ  (ш. Москва), академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Аълочии энергетика ва электрофикатсияи СССР» (соли 1967), «Аълочии «Барқи Тоҷик», «Собиқадори энергетикаи Россия» (соли 1995)  ва «Энергетики фахрии Украина» Баҳром Сироҷев ба синни мубораки 80 қадам гузошт. Ин шахсият на танҳо дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ машҳур буда, обрӯю эътибори махсус дорад.

Баҳром Сироҷев ҳамчун олими соҳаи энергетика муаллифи зиёда аз 40 асари илмӣ мебошад. Солҳои 1984-1988 дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ», муҷаҳҳазгардонии техникӣ ва таҷдиди гидротурбинаҳою гидроагрегатҳои НБО «Норак» ва ба ин васила, зиёд намудани иқтидори он фаъолона ширкат дошт, балки роҳбарӣ намуд. Дар давраи роҳбарии ӯ тавоноии муқарраршудаи низоми энергетикии Тоҷикистон 26 фоиз афзуда, вусъати хатҳои интиқоли барқ ва шумораи зеристгоҳҳо 40 фоиз зиёд гашт. Инчунин сохтмони НБО «Роғун» идома ёфт ва бунёди шаҳри Роғун амалан ба анҷом расид.

Баҳром Сироҷев доимо дар андешаи истифодаи захираҳои беҳамтои гидроэнергетикии мамлакат буд. Соли 1985 маҳз ба пешниҳоди ӯ корҳои лоиҳакашии неругоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» оғоз ёфта, дар ин мавзеъ барои бунёди ин неругоҳҳо замин ҷудо карда шуд. Як миқдор заминҳои кишт ва шаҳраки Сангтӯда, ки дар нақшаи аввал бояд зери об мемонданд, наҷот дода шуданд.

Ба ғайр аз ин, дар бобати аз як марказ саросар ба неруи барқи баландшиддат таъмин намудани тамоми аҳолии мамлакат ва хоҷагии халқи ҷумҳурӣ хидмати ӯ бебаҳост. Дар давраи фаъолият Баҳром Сироҷев тавонист, ки Ширкати «Барқи тоҷик»-ро хуб идора намуда, низоми энергетикиро ба яке аз системаҳои пешрафтаи энергетикӣ  дар байни собиқ ҷумҳуриҳои қаламрави  СССР табдил диҳад. Аз бунёди НБО «Норак» сар карда ва боз аз таъсири роҳбариву чашмикордонӣ, инчунин самимияти Баҳром Сироҷев буд, ки дар Тоҷикистон сулолаи чандпуштаи энергетикҳо пайдо шуд.

Баҳром Сироҷев то синфи ҳаштум дар мактаби миёнаи умумии №1, ба номи М. Горкийи зодгоҳаш-шаҳри Истаравшан ва дар идомаи таҳсил, дар мактаби миёнаи №1 ноҳияи Шаҳринав таҳсил намуда, онро бо медали нуқра хатм кардааст. Соли 1963 факултети энергетикаи Донишкадаи политехникии ба номи Калинини шаҳри Ленинградро бо ихтисоси «Техники шиддатҳои баланд» хатм намуда, ба Тоҷикистон баргашт ва ҳамчун озмоишгари калон дар шуъбаи энергетикаи АИ РСС Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Дар баробари машғул шудан ба корҳои илмӣ, солҳои 1963-1965 ба ҳайси сармуҳандиси Шабакаҳои барқи ҷанубӣ  (шаҳри Қӯрғонтеппа) ифои вазифа намуд. Моҳи майи соли 1965 бо қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон Баҳром Сироҷев муовини сардори «Тоҷикглавэнерго» таъйин гардид. Соли 1976 дар шаҳри Москва рисолаи номзадиашро дифоъ намуд. Баҳром Сироҷев солҳои 1981-1983 дар Академияи хоҷагии халқи назди Совети Вазирони СССР дар шаҳри Москва таҳсил намудааст.

«Тоҷикглавэнерго» дар намоиши идона бахшида ба Иди ғалаба. Дар қатори аввал (аз чап ба рост) сардори Тоҷикглавэнерго В. И. Люлчак, муовинони ӯ Ф. Расулов ва Б. Сироҷев.

Баъди хатми Академияи хоҷагии халқи назди Совети Вазирони СССР бо назардошти дастовардҳои истеҳсоливу илмӣ, инчунин донишу малакаи касбӣ  соли 1983, баъди ба нафақа рафтани В.И. Люлчак, ки аз соли 1951 ба системаи энергетикии Тоҷикистон роҳбарӣ менамуд, бо пешниҳоди Вазорати энергетика ва электрофикатсияи СССР сардори «Тоҷикглавэнерго» таъйин гардид.

Баъдтар «Тоҷикглавэнерго» ба Ширкати давлатии «Барқи Тоҷик» табдил дода шуд ва то соли 2001- то ба нафақаи хизматӣ баромадан Баҳром Сироҷев роҳбари он буд.

Баҳром Сироҷев дар даъватҳои солҳои 1987-1990 депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон, солҳои 1990-1995 намояндаи халқии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва дар ҷаласаи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудааст.

Аксарияти мутахассисони энергетикаи мамлакат аз дастпарварони Баҳром Сироҷев мебошанд.

Ин буд, ки 30 октябри соли 2000 дар Женева дар маросими баррасии 25-умин созишномаи байналхалқӣ Ширкати давлатии «Барқи Тоҷик»  ба мукофоти олии ин созмон — «Ситораи тилло барои Сифат  ва Афзалият» сазовор гардид.

Маросими мукофотсупорӣ дар Женева

Баҳром Сироҷев аз соли 1991 узви вобаста ва аз соли 1992 академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ  (ш. Москва), аз соли 1993 академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Президиуми Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Соли 2019 Академияи байналмилалии муҳандисӣ Баҳром Сироҷевро  ба нишони «Шуҷоати муҳандисӣ» қадр кардааст.

Баҳром Сироҷов яке аз созмондиҳандагони Ассосиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон» ва раиси фахрии он мебошад.

Корманди шоистаи Тоҷикистон Баҳром Сироҷев чун дорандаи ду ордени «Нишони фахрӣ», медали «100 – солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин», ду Ифтихорномаи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, медали «10 – солагии ҷаласаи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъди нафақа низ аз соҳаи энергетика дур нашуд. Чун олими соҳа дар аксарияти ҳамоишҳои илмӣ иштирок карда, ҳамчун сармушовири Гурӯҳи амалисозии лоиҳаҳои энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаронидани экспертизаи байналхалқии «НБО Роғун» ҳиссаи сазовор гузоштааст. Баҳром Сироҷев тарафдори ақидаи ба тамоми минтақа манфиатовар будани НБО «Роғун» буда, андешаҳояшро тавассути воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи мамдакат бо далелҳо иброз намудааст.

Баҳром Сироҷов имрӯз ҳам тансиҳату неруманд буда, ба рушди соҳа манфиат мебахшад…

…Ман ҳам, ки  бист сол боз соҳаи журналистикаро бо энергетика омехта намуда, дар ШСХК «Барқи тоҷик» кор мекунам, Баҳром Сироҷевро устоди худ медонам. Бист сол муқаддам, вақте дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» кор мекардам, бо Баҳром Сироҷов мусоҳибае оростем ва он бо унвони «Барқи тоҷик»-нурбахши халқи тоҷик» нашр шуд. Баъди нашри мусоҳиба маро ба назадаш хонда, ба кор таклиф намуд.

Ман аввал розӣ нашудам, баъд ба ним воҳиди корӣ, ки он вақт иҷозат буд, розигӣ  додам. «Хайр, як командировка-дия,-изҳор намуда буданд устод:-Маъқул нашавад, бармегардӣ …»

Баъдтар, кори системаи энергетикӣ, ки муҳимтарин соҳаи зиндагӣ ва иқтисодист, писандам омад ва пурра ба Ширкати «Барқи тоҷик» гузаштам. «Командировка» то кунун идома дорад.

Баҳром Сироҷов шахси самимӣ ва пур аз фазилатҳои неки ихтисосӣ ва инсонӣ мебошад. Устоди гиромиро бо ҷашни камолоташон самимона табрик менамоям.

                                                         Нозир ЁДГОРӢ,
нависанда

Март 3, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад
РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд
Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкории саноатиро тақвият медиҳанд