Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маркази нави хизматрасонии «Азизи дил»-ро ифтитоҳ намуда, дар чорабинии идонаи наврӯзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок карданд

Март 23, 2020 12:26

ДУШАНБЕ, 23.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази нави хизматрасонии «Азизи дил»-ро ифтитоҳ карда, дар саҳни ҳавлии он дар чорабинии идонаи наврӯзии сокинони ноҳия иштирок карданд.

Маркази нави хизматрасонии маишӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, сокини ватандӯсти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Даврон Азизов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкории хурду миёна бунёд гардид.

Иншооти мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дар як баст ба 150 — 200 нафар мизоҷ хизмат мерасонад.

Дар назди марказ таваққуфгоҳ барои 20 нақлиёти сабукрав сохта шудааст.

Дар саҳни ҳавлии маркази хизматрасонӣ ба хотири ободу зебо кардани иншоот шаршараи сунъӣ, суҳбаткадаҳо бунёд шудааст, ки барои фароғати мизоҷон мусоид аст.

Бо бунёди иншооти маишӣ 20 сокини ноҳия бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Баъди ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии ин иншоот намоишгоҳи наврӯзии сокинони ноҳияро тамошо карданд.

Занону бонувон дар чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори наврӯзи байналмилалӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ барпо карда, бо риояи суннатҳои хоси ин ҷашн дастархони наврӯзӣ оростанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз наврӯзгоҳи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварда, иштирокчиёни маҳфили идонаро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод намуданд.

Ифтитоҳи маркази хизматрасонии “Азизи дил” ва иштирок дар чорабинии идонаи наврӯзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 23.03.2020

Март 23, 2020 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон