Сергей Лебедев, роҳбари гурӯҳи мушоҳидони ИДМ: интихобкунандагони Тоҷикистон фаъолнокии баланд нишон доданд

Март 2, 2020 09:56

ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  1 март дар интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон вакилонро на фақат дар  ҷумҳурӣ, балки берун аз ҳудуди он, дар 30 кишвари  ҷаҳон, ки сафоратхонаҳои Тоҷикистон мавҷуданд, интихоб намуданд. Аз ҷумла, дар Россия. Дар Россия участкаҳои интихоботӣ дар панҷ шаҳр – Екатеринбург, Москва, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа ташкил ёфта буданд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии «Мир-24».

Ҷараёни интихоботро нозирони байналмилалӣ мушоҳида намуданд, онҳо аз тамоми участкаҳо, ки беш аз 3 ҳазор буданд, дидан намуданд. Нозирон таъкид карданд, ки дар ҳама ҷо рӯҳияи дӯстиву оромӣ ҳукмфармо буд.

«Фаъолнокии интихобкунандаҳо  ҳайратовар буд. Ҷолиб он аст, ки  мардум одатан ба участкаҳои интихоботӣ соатҳои 10-11 меоянд. Нозирони мо дар вақти боз намудани участкаҳои интихоботӣ ҳузур доштанд ва диданд, ки соати 6 –и субҳ одамон аллакай дар навбат  истодаанд. Ин нишонаи фаъолнокии баланд аст, ки ба ин корҳои зиёди омодагӣ мусоидат намуданд»,- гуфт роҳбари гурӯҳи мушоҳидон аз ИДМ Сергей  Лебедев

Ҳар номзадро дар Тоҷикистон шахсан мешиносанд. Ҳамаашон сокинони маҳаллиянд. Бархе аз онҳо дар Парлумон аллакай кор кардаанд. Бинобар ин, интихобкунандагон ба онҳо эътимод доранд.

Участкаҳоро расо соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ бастанд. Аъзои комиссияи интихоботӣ кори худро бо хондани суруди миллӣ анҷом доданд.

Март 2, 2020 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон