Шукурҷон Зуҳуров аз фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум натиҷагирӣ намуд

Март 9, 2020 15:49

ДУШАНБЕ, 09.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  28 феврал иҷлосияи шашуми даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон доир ва дар он аз даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ карда шуд. Дар иҷлосияи шашуми даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров оид ба ҷамъбасти фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум (солҳои 2015 — 2020) гузориш дод.

Ш. Зуҳуров аз ҷумла иброз дошт, ки ин марҳалаи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба замони дигаргуниҳои қатъӣ  дар ҷаҳон ва  кишвари азизамон рост омад.
«Ҷаҳон дар ибтидои садаи ХХ1 воқеан пешгӯинашаванда гардида, ба сари фарзандони одам мушкилию печидагиҳои зиёди фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва диниро овардааст, ватани иддае аз мардумони оламро ноорому истиқлолияти давлатии онҳоро осебпазир гардондааст.

Вале моро зарур аст, ки аз ин хатарҳо ва таҳдидҳо наҳаросида, баръакс, роҳҳои табдил додани онҳоро ба имкониятҳои нав ва мусоид барои пешрафти миллат ва давлати худ пайдо  намоем. Зеро замона имрӯз танҳо ба халқҳое шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам месозад, ки қудрати илмии табдил додани бадиҳоро ба некиҳо  доранд.

Имрӯз яқин аст, ки мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами хеш аз ин имтиҳонҳои сангину мураккаби замон  сарбаландона  гузашта истодааст ва оянда низ хоҳад гузашт. Мо дигар ҳуқуқи иштибоҳ кардан надорем. Зеро мардуми Тоҷикистон аз мо интизориҳои зиёд дорад ва мо дар назди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда масъул мебошем.

Дар давраи ҳисоботӣ давлати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон ба самти рушди устувор қадамҳои ҷиддӣ бардошт.

Ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо заминаҳои ҳуқуқии Истиқлолияти давлатии хешро таҳкими бештар бахшидем ва барои кору зиндагии мардум шароити беҳтар фароҳам сохтем», — илова намуд Раиси МН.

Дар идома ӯ зикр намуд, ки акнун имкон дорем, ки дастовардҳои Истиқлолиятро боз ҳам афзун намоем ва кишварамонро ба сатҳи сифатан нави рушд барорем.

Маҷлиси намояндагон дар давоми даъвати панҷум фаъолияти хешро бо дарназардошти ин таҳаввулоти таърихӣ роҳандозӣ намуд. Ва ман фикр мекунам, ки фаъолияти мо — чи аз нигоҳи қонунгузорӣ, чи намояндагӣ ва чи муносибатҳои байнипарламентӣ — ба талаботи парламенти касбӣ комилан ҷавобгӯ буд.

Мо донишу таҷрибаи андӯхтаи хешро барои ташаккули қонунгузории Тоҷикистони нав равон кардем. Ба соҳаҳое бештар таваҷҷуҳ намудем, ки базаи қонунгузории онҳо куҳна шуда буд ё аслан вуҷуд надошт. Ва ҳамин тавр, мо дар бунёди таҳкурсии низоми ҳуқуқии Тоҷикистони асри бисту як саҳми шоиста гирифтем.

Дар давраи ҳисоботӣ кӯшишу дониш ва таваҷҷуҳу таҷрибаи вакилон бештар ба татбиқи авлавиятҳои стратегие, ки Пешвои муҳтарами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон ва Паёмҳои ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштаанд, равона шуда буданд.

Парламенти тоҷик дар баробари иҷрои вазифаҳои касбӣ корҳои муҳиме ҷиҳати амалишавии сиёсати Пешвои миллат дар самти ташаккули давлат ва ҷомеаи демократии Тоҷикистон анҷом дод. Бовар дорам, натиҷаҳои даъвати панҷум дар ояндаи наздик ва ҳамчунин дур мавриди пажӯҳиши амиқ ва ҳаматарафаи олимону сиёсатмадорон ва коршиносону рӯзноманигорони соҳа қарор хоҳанд гирифт.

Ва дар миёни далелу ҳуҷҷатҳое, ки онҳо истифода мебаранд, албатта, маҳсули заҳмати мо — қонунҳо, қарорҳо, созишномаҳо, стенограммаҳо ва амсоли инҳо хоҳанд буд.

Мусаллам аст, ки ҳар як қонуни қабулшуда бо гузашти вақтзаҳмати моро равшан ва пурҷило муаррифӣ менамояд. Зеро қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  баъди ба воқеияти ҳаётӣ ворид шудан ва дар рӯзгори мардум таъсир расониданарзиш ва аҳамияти бештар касб менамоянд.

 «Дар давраи ҳисоботӣ дар 179 ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон 2514 қарор қабул карда шуд. Дар 129 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон бошад, 795 санад, аз ҷумла 497 қонун, ба тасвиб расидааст.

Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», «Дар бораи таъмини иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои тандурустӣ ва меҳнат, ду қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авф (соли 2016 — ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2019 — ба муносибати 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд», қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ», «Дар бораи ҳунармандӣ», «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Бо тақозои замон қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ворид намудани тағйироту иловаҳо нахустин маротиба дар таърихи парламенти касбии тоҷик дар таҳрири нав ба табъ расонда  шуданд. Онҳо шаффофияти максималӣ ва демократисозии минбаъдаи раванди интихоботро таъмин ва истифодаи  пурсамарро барои шаҳрвандон муҳайё менамоянд.

Ҳамчунин бо ташаббуси аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22-юми майи соли 2016 дар кишвар раъйпурсии умумихалқӣ барпо карда шуд ва аксари кулли шаҳрвандонамон барои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ раъйи мувофиқ доданд», — тазаккур дод Ш. Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагон зикр намуд, ки тағйироту иловаҳо ба Конститутсия марҳалаи нави рушди фазои ҳуқуқии кишвар буд, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон тавсеа ёфта, муқаддастарин институти сиёсӣ — Пешвои миллат мақоми конститутсионии худро соҳиб шуд.

«Фикр мекунам, тағйиру иловаҳо ба Конститусия ва қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар афкори ҷамъиятӣ таҳаввулоти амиқ ба вуҷуд оварданд ва бо арзише, ки имрӯзҳо дар рӯзгори мардумамон касб намудаанд, шубҳае нест ба китобҳои таърихи мактабиёну донишҷӯён ворид мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳамчунин қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  дар бораи «Даҳсолаибайналмилалииамал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028», ки дар пайи ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ҳамчунин мавриди истифода қарор додани ду агрегати Неругоҳи «Роғун», дастёбӣ ба ду ҳадафи стратегии давлатамон: раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар ҳамин давра муяссар гаштанд. Ва Пешвои миллатамон аз кишвари аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистонро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карданд», — таъкид дошт ӯ ва илова намуд, ки дар иртибот ба ин ҳадаф Маҷлиси намояндагон дар баробари қабули як силсила қонунҳои зарурӣ Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро ба тасвиб расонд, ки бомаром татбиқ шуда истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар Маҷлиси намояндагон 17 соати парламентӣ, 47 муҳокимаи парламентӣ, 11 хониши вакилӣ, беш аз 50 суҳбати «мизи гирд», ҷаласаи сайёри кумитаҳо ваконфронси байналмилалӣ барпо шуданд.Ин тадбирҳо фарогири масъалаҳои мубрамтарини ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар буданд.

Дар давоми даъвати панҷум ба унвони вакилон 3177 нома ва 19653 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ворид гаштааст, ки ҳамаашон мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул шудаанд.

Мусалламан, дар пушти ин рақамҳо кори мушаххас, манфиатҳои шаҳрвандон ва давлат истодаанд, ки афзоиши эътимоди сокинони мамлакатро ба мақоми олии қонунгузор бозгӯӣ мекунанд.

«Ҷӯшидану ҷанҷол бардоштанҳо, хархашаю муноқишаҳо дар парламент ҳеҷ гоҳ нишонаи кори солиму манфиатовар набуд ва буда ҳам наметавонад. Парламент ин мақоми муқаддас аст, ки халқ аз миёни беҳтаринҳо интихоб кардааст. Одоб ва эҳтироми ҳамдигар аз сатҳу сифати кори парламент гувоҳӣ дода, оромию низомаш гувоҳи сатҳи баланди фарҳанг ва озодии ӯст.

Вале ҳуҷум ба парламент ҳамчун институти сиёсиро метавон ҳуҷум ба имконияти пешбурди муколамаи ҷамъиятӣ, ба имконияти рушди конститутсионӣ ва демократии мамлакат унвон кард. Дар гузаштаи начандон дури мо маҳз чунин ҳуҷумҳо ба муқовимати мусаллаҳона роҳ кушода буданд. Саҳифаҳои алоҳидаи фоҷиавии таърихи парламентаризми тоҷик бояд ба ҳамаи сиёсатмадорони имрӯзу оянда ҳушдоре бошанд.

Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, мо — ворисони миллати куҳанбунёди фарҳангии ориёием, ҳар мушкилӣ ва печидагиро метавонем бо лаҳни мулоим, муколомаи солим ва эҳтироми ақидаҳо ҳал намуда, дар ҳамаи ҳолатҳои мушкил имкониятҳои нави таърихиро барои худ пайдо намоем.

Замони ҷангу ҷидолҳо, бетартибию ҳарзагӯиҳо ва муноқишаю ҷӯшиданҳои бемавқеъ, ки ба фасоду номуназзамии кори парламент омехта буд, гузашт. Парламенти касбӣ ва вакилони имрӯзу фардои он ба ин тартиб ҳаққи маънавии ноором кардани фазои қонунгузорӣ ва мафкураи ҳуқуқии халқро надоранд. Мо дар оинаи нилгун ҳамарӯза мебинем, ки дар  кишварҳое, ки парламентҳо ва ҳукуматҳо ба тарафкашию муноқишаҳо моиланд, оқибати корашон чӣ шуда истодааст.

Ба назари мо, бартарии бузурги Тоҷикистон дар баробари баъзе давлатҳо дар шароити буҳронии солҳои охири ҷаҳон маҳз ҳамин кори бамаслиҳати Ҳукумати кишвар бо Маҷлиси намояндагон маҳсуб мешавад. Дар Тоҷикистон Ҳукумат бо Парламент шарики якдигаранд, дар байни онҳо конфронтатсияи сунъӣ, ки эродгирҳои мо мехоҳанд, вуҷуд надорад, ин ду шохаи ҳокимият мисли механизми ягона кор мекунанд.

Мо бо кори хеш исбот кардем, ки мубоҳисаро дар парламент доир намудан манфиатбахштар аст, на дар кӯчаву майдонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ. Ягон хел «демократияи кӯчагӣ» кори ҳирфаии неруҳои гуногуни сиёсиро, ки дар мақоми олии қонунгузор анҷом дода мешавад, иваз карда наметавонад.

Ин ҷо ҳамаи қарорҳо, бахусус оид ба масъалаҳои калидӣ, дар асоси муколама, машварат ва баррасии вакилони Маҷлиси намояндагон бо мутахассисони вазоратҳо ва идораҳои марбута қабул мегарданд. Ба аксари кулли лоиҳаи қонунҳое, ки Ҳукумат барои қабул ба Маҷлиси намояндагон мефиристад, низ дар сурати зарурат аз тарафи вакилон ҳамаи тағйиру иловаҳои даркорӣ ворид карда мешаванд. Баҳсҳои корӣ зиёданд, гоҳҳо сифати кори вазоратҳои алоҳида мавриди муҳокимаи шадид қарор мегирад. Вале дар мубоҳиса бо Ҳукумат мо ҳамеша ҳадафи муштарак дорем, ки он бунёди Тоҷикистони пешрафта — Тоҷикистоне ҳаст, ки мутобиқ ба Конститутсияи худ бояд воқеан ҳам давлати иҷтимоӣ бошад — дар он барои ҳар як шаҳрванд шароити шоистаи зиндагӣ фароҳам бошад.

Ба назари ман, озодиву демократия аз чунин ҳамкорӣ, ки мо дорем, зарар надидаасту нахоҳад дид. Иллати озодихоҳони замони нав дар он аст, ки онҳо дар демократия озодиро дидаву сарҳади онро дарк накардаанд, худи демократияро шунидаву ҷавҳари онро ҳазм накардаанд.

Зеро озодии асил сарҳад дорад, ки бо ахлоқ ва ҳуқуқ муқаррар мегардад. Демократияи комил танҳо дар пояи низому тартиб ва эҳтироми тарафайни субъекони ҳокимият ва халқ тавлид мегардад. Демократия ҳеҷ аст, агар ниҳодҳои зуҳури он тобеи қонун ва ахлоқ набошанд», — тазаккур дод раиси МН Ш. Зуҳуров.

Дар фарҷом Ш. Зуҳуров иброз дошт: «Дар урфият мегӯянд, ки ҳар чиз оғозу анҷом дорад. Ин ҳақиқати  бебаҳс аст. Вале инсон, бо вуҷуди ин ҳама, ба оғозу фарҷомҳо муносибати яксон надорад. Ин лаҳза дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии банда як нуктаи анҷоми фаъолияти даврӣ маҳсуб мегардад. Банда бо дастгириҳои ҳамешагии Роҳбари давлат, вакилони даъвати чорум ва панҷум даҳ соли охир дар ин бино  масъулияти вазнин ва муқаддаси Раисии Маҷлиси намояндагонро бар дӯш доштам. Инак, пас аз ҷаласаҳои зиёду фаъолияти пурсамар то ба ҷаласаи охири даъвати панҷум ҳам расидем… Умед дорам, шумо аз ин ба баъд ҳам  дар бароварда шудани орзуҳои мардуми кишвар ботаҳаммул, қавиирода ва ҳадафмандона  рафтор хоҳед кард».

 

Март 9, 2020 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Дейнс мулоқот намуд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
Дар Маҷлиси намояндагон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтанд
Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Боку дар ҷаласаи ниҳодҳои парламентӣ иштирок намуд
«ПЕШВОИ САНГАРШИКАНИ МИЛЛАТСОЗ». Дар Душанбе китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!». Андешаҳо дар ҳошияи Рӯзи Президент