СУТ: нахустин озмоишҳои ваксинаҳо бар зидди коронавирус оғоз гардид

Март 19, 2020 12:45

ДУШАНБЕ, 19.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисон озмоиши нахустини ваксинаи коронавируси COVID-19 –ро оғоз намуданд,  гуфт  роҳбари СУТ Тедрос Адханом Гебрейесус. Дар ин бора  АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуотии ин созмон хабар дод.

«Нахустин озмоиши ваксина ҳамагӣ баъди 60 рӯз  пас аз омӯзиши ирсияти мураттаби коронавирус оғоз шуд. Ин як дастоварди бемисл аст»,- изҳор  намуд Гебрейесус дар нишасти матбуотии СУТ дар Женева.

Ӯ изҳор намуд, ки СУТ ва шариконаш дар аксар кишварҳо барои муқоисаи усулҳои табобати  то ҳол носанҷидаи  COVID-19 озмоишҳо  барпо мекунанд. Ба қавли ӯ, ба ин тадқиқот кишварҳои Аргентина, Баҳрайн, Канада, Франсия, Эрон, Норвегия, Африкаи Ҷанубӣ, Испания, Швейтсария ва  Тайланд  ҳамроҳ  шудаанд. Гебрейесус итминони комил дорад, ки бо чунин тадқиқот  метавон самараноктарин усули муолиҷаро дарёфт.

Дар тамоми ҷаҳон ҳамагӣ 214 ҳазор  нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд,  ки аз ин 83 ҳазор нафар сиҳат ёфта, зиёда аз 8 ҳазор кас вафот кардаанд.

Акс:  © AP/TASS

 

Март 19, 2020 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон