Тавсияи Лайло Аҳмадӣ оид ба коронавирус: Барои баланд кардани иммунитети худ витамини табиии С-ро бештар истифода баред
ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Як коргари фаъоли Фейсбук Лайло Аҳмадӣ аз факултети илмҳои тиббии Донишгоҳи Занҷони Чин дар як гурӯҳи фейсбукӣ навиштааст, ки коронавирус бе ҳеҷ шубҳа, дер ё зуд ба ҳама давлатҳо ворид мешавад. Дар робита ба ин баъзе тавсияҳои хешро ба хонандагон манзур намудааст.
Ба гуфтаи Лайло, мардум бояд барои баланд кардани системаи иммунии худ витамини табиии С-ро бештар истифода баранд.
“Мутаассифона, сабаби мутатсияи генетикӣ онро хеле хатарнок кардааст. Ин беморӣ зоҳиран аз сабаби омезиши ген аз мор ва кӯршапарак пайдо шудааст ва он қобилияти сироят додани ширхӯрон, аз ҷумла одамонро ба даст овардааст”. Ҳамчунин мавсуф паёмаки профессор Чен Хорин, директори генералии Госпитали ҳарбии Пекинро, ки онро дар гурӯҳҳои донишгоҳ нашр кардаанд, ба ҳамагон фиристодааст, ки дар он профессор гуфтааст: «Иловаи қисми лимӯ дар як пиёла оби гарм метавонад ҳаёти шуморо наҷот диҳад. Агар шумо кор мекунед, шумо бояд ин хабарро дида бароед ва онро ба дигарон расонед!
Лимӯи гарм метавонад ҳуҷайраҳои саратонро бикушад! Лимӯро ба се қисм буред ва ба як пиёла андозед, сипас оби гарм рехта, онро ба (оби элементӣ) табдил диҳед, ҳар рӯз онро нӯшидан, албатта, барои ҳама муфид хоҳад буд. Лимӯҳои гарм метавонанд боз як доруи зидди саратон бошанд.
Шарбати гарми лимӯ ба варамҳои саратон таъсир расонда, ба ҳама намуди бемории саратон шифо мебахшад. Табобат бо ин экстракт танҳо ҳуҷайраҳои зарароварро (омоси бадсифатро) нобуд мекунад ва ба ҳуҷайраҳои солим таъсир намерасонад. Дуюм: кислотаҳо ва кислотаҳои карбоксидӣ дар шарбати лимӯ метавонанд фишори баланди хунро танзим кунанд, рагҳои борикро муҳофизат кунанд, гардиши хунро ба танзим дароранд.Пас аз хондани ин, ба ягон каси дигар дар ин бора нақл кунед ва ба шахси дӯстдоштаатон супоред ва саломатии худро нигаҳ доред”.
Профессор Чен Хорин маслиҳат медиҳад, ки агар ба касе ин паёмро фиристед, он ҳадди ақалл кафолати наҷот додани ҷони касе хоҳад буд.








«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд






