То моҳи май мусобиқаҳои Гранд Слами Екатеринбург ва Гранд Прии Анталия доир намешаванд

Март 10, 2020 11:31

ДУШАНБЕ, 10.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии дзюдо бинобар сабаби авҷ гирифтани вируси COVID-19 дар бисёр давлатҳои ҷаҳон  аз лағви мусобиқаҳои варзишӣ  то 30 апрели соли 2020 хабар додааст. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

«Дар робита ба идомаи авҷи вируси COVID-19 дар ҷаҳон, бад шудани ҳолат дар бисёр давлатҳо, сафар кардан ба кишварҳо хатарнок шудааст. Бинобар ин ҳар гуна чорабиниҳои ҷамъиятӣ лағв шуда истодаанд. Мо низ барои ҳимояи оилаи дзюдочиён, ҳамчунин дидани чораҳо барои бехатарӣ ҷиҳати барҳам додани мусобиқаҳо қарор қабул кардем», — омадааст дар баёнияи Федератсияи байналмилалии дзюдо.

Тибқи ин қарор то 30 апрели соли равон  мусобиқаҳои  дзюдо, аз ҷумла Гранд Слами Екатеринбург, Гранд Прии Тбилиси, Гранд Прии Анталия ва мусобиқаҳои  дигари варзишии қитъавӣ баргузор намешаванд.

Ҳамчунин  чанде пеш  мо хабар дода будем, ки  Федератсияи байналмилалии дзюдо бо  таассуф иттилоъ дода буд, ки бинобар сабаби авҷи вируси корона дар ҷаҳон мусобиқаи Гранд Прии Работ дар Марокаш доир намешавад

Баргузории мусобиқаи мазкур 6-8 март ба нақша гирифта шуда буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Марокаш дар бораи барҳам додани ҳамаи чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ, намоишҳо ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ қарор қабул кардааст.

«Мо аз ҳамаи шахсони манфиатдор, аз ҷумла варзишгарон ва ҳайатҳои расмии давлатҳо барои пеш омадани ҳолати ногаҳонӣ узр мепурсем», — омадааст дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо.

Барои иштирок дар Гранд Прии Работ, аз ҷумла дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар номнавис шуда буд.

Акс аз бойгонӣ

Март 10, 2020 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд