1 апрел — Рӯзи ҷаҳонии парандаҳо. Дар Тоҷикистон 43 намуди онҳо нодиранд ва ба Китоби сурх ворид гардидаанд

Апрель 1, 2020 16:43

ДУШАНБЕ, 01.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 400 намуди парандагон ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 43 намудаш ҳамчун парандагони нодир ба ҳисоб мераванд, ки зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд ва ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудаанд. Дар Тоҷикистон барои ба роҳ мондани сайёҳии парандашиносӣ имкониятҳо хеле зиёданд. Зеро солҳои охир дар тамоми дунё сайёҳии орнитологӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин сайёҳии экологӣ хеле маъруфият пайдо кардааст. Ин вобаста ба он аст, ки парандагон ҳамчун як гурӯҳи хеле зебои ҳайвонот диққати ҳазорон дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб мекунанд. Сайёҳоне, ки ба ин соҳа шуғл меварзанд, барои онҳо дидани парандагоне, ки андоми зебо доранд, зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд ва нодир ҳастанд, хеле муҳим мебошад. Ин матлабро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов дар Рӯзи ҷаҳонии  парандаҳо, ки ҳамасола 1 апрел дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд.

Ба нақли номбурда, Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷойгиршавӣ минтақаи муҳим барои ҷамъ омадани парандагон маҳсуб мешавад. Дар ҳудуди Тоҷикистон 18 мавзеи калидии орнитологӣ муайян шудаанд, ки дар онҳо шумораи зиёди парандагон дар фаслҳои гуногуни сол ҷамъ меоянд. Аз тарафи мутахассисони соҳаи парандашиносӣ дар минтақаи Тоҷикистони ҷанубӣ-ғарбӣ ва мавзеъҳои обию ботлоқии Тоҷикистони шимолӣ ҷамъ омадани то 150 ҳазор парандагон  ба қайд гирифта шудааст. Хусусан, дар обанбори «Баҳри тоҷик» дар қисмати шимолии Тоҷикистон ва обанборҳое, ки дар қисмати Тоҷикистони ҷанубӣ ҷойгир шудаанд. Ҳавзу кӯлҳои мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», поёноби дарёи Вахшу  Кофарниҳон мавзеъҳои калидии ҷамъ омадани парандагон маҳсуб мешаванд. Дар ҳудуди Тоҷикистон солҳои охир зиёда аз 20 намуди парандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки ин ба тағйирёбии иқлим вобаста аст.

Абдусаттор Саидов ҳамзамон гуфт, ки дар байни парандагони Тоҷикистон намудҳое ҳастанд, ки ҳифзи онҳо аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Як хусусияти хоси парандагон аз он иборат аст, ки онҳо сарҳади маъмуриро намепарастанд. Дар байни парандагони Тоҷикистон беш аз 140 намуд парандагоне ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо ба категорияи кӯчанда дохил карда шудаанд.

Баъзе парандагоне ҳастанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон давоми чанд рӯз ба қайд гирифта мешаванд. Онҳо ҳангоми кӯчиш давлати моро аз қисмати ҷанубии Осиё ба қисмати шимолӣ ба сифати истгоҳ истифода мебаранд. Дар ин ҷо онҳо захираи энергетикии худро барқарор карда, парвози худро идома медиҳанд. Дар мавсимҳои гуногуни сол  парандагони зиёд аз мамлакати мо муҳоҷират мекунанд. Ғайр аз парандагони кӯчанда дар Тоҷикистон парандагоне ҳастанд, ки онҳо муқимӣ мебошанд. Шумораи ин парандагон тақрибан аз 180 намуд зиёдтар аст.

Ёдовар мешавем, ки 1 апрел ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии парандаҳо дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ин тасодуфӣ нест, зеро 1 апрели соли 1906 Конвенсияи байналмилалии ҳифзи парандагон ба имзо расидаст. Ин ид аз инсоният даъват мекунад, ки парандаҳоро дӯст дорем ва муҳофизат кунем. Муҳофизат ва ҳимояи  парандаҳо ва муҳити зиндагии онҳо – шарти зарурӣ барои ҳамзистии минбаъдии онҳо бо одамон аст. Аз байн рафтани намудҳои парандаҳо ба рангорангии табиат ва рӯзгори мо — одамон таҳдид мекунад. Инсонҳо имрӯз ва ҳамеша бояд бо таваҷҷуҳ нисбат ба парандагон ва тамоми табиат зиндагӣ ва фаъолият кунанд, зеро табиат асоси ҳастии мо буда, худи мо ҳам як узви табиат ҳастем. Ҳар нафари мо барои маҳви он чизе, ки сароғози маҳви зиндагии худи мост, ҷавобгар ҳастем!

Апрель 1, 2020 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» қадрдонӣ гардиданд
126 ҳазор нусха китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба сокинони ноҳияи Рӯдакӣ тақдим мегардад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУСИҚӢ. Забони мусиқӣ оламшумул буда, ба тарҷумон ниёз надорад
ШОИРЕ, КИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ВАСЛ МЕКУНАД. Асарҳои Мавлоно имрӯз низ аз хонданитарин асарҳои дунёянд
30 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАВЛОНО. Ҷалолуддини Балхӣ бо андешаю афкори созанда ҷаҳонро тасхир намудааст
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Мавлоно барномаи фарҳангӣ баргузор мешавад
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 159 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Ва ё ҷойгоҳи ҳувияти миллӣ ва динии тоҷикон дар гуфтори Пешвои миллат
Ба муносибати Рӯзи Мавлоно конференсияи илмию амалӣ доир гардид
Байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ. Назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстона ба ин орифи бузург шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид
Китоби «Сиёсатшиносӣ» — фарогири сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон ба нашр расид