1 апрел — Рӯзи ҷаҳонии парандаҳо. Дар Тоҷикистон 43 намуди онҳо нодиранд ва ба Китоби сурх ворид гардидаанд

Апрель 1, 2020 16:43

ДУШАНБЕ, 01.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 400 намуди парандагон ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 43 намудаш ҳамчун парандагони нодир ба ҳисоб мераванд, ки зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд ва ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудаанд. Дар Тоҷикистон барои ба роҳ мондани сайёҳии парандашиносӣ имкониятҳо хеле зиёданд. Зеро солҳои охир дар тамоми дунё сайёҳии орнитологӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин сайёҳии экологӣ хеле маъруфият пайдо кардааст. Ин вобаста ба он аст, ки парандагон ҳамчун як гурӯҳи хеле зебои ҳайвонот диққати ҳазорон дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб мекунанд. Сайёҳоне, ки ба ин соҳа шуғл меварзанд, барои онҳо дидани парандагоне, ки андоми зебо доранд, зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд ва нодир ҳастанд, хеле муҳим мебошад. Ин матлабро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов дар Рӯзи ҷаҳонии  парандаҳо, ки ҳамасола 1 апрел дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд.

Ба нақли номбурда, Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷойгиршавӣ минтақаи муҳим барои ҷамъ омадани парандагон маҳсуб мешавад. Дар ҳудуди Тоҷикистон 18 мавзеи калидии орнитологӣ муайян шудаанд, ки дар онҳо шумораи зиёди парандагон дар фаслҳои гуногуни сол ҷамъ меоянд. Аз тарафи мутахассисони соҳаи парандашиносӣ дар минтақаи Тоҷикистони ҷанубӣ-ғарбӣ ва мавзеъҳои обию ботлоқии Тоҷикистони шимолӣ ҷамъ омадани то 150 ҳазор парандагон  ба қайд гирифта шудааст. Хусусан, дар обанбори «Баҳри тоҷик» дар қисмати шимолии Тоҷикистон ва обанборҳое, ки дар қисмати Тоҷикистони ҷанубӣ ҷойгир шудаанд. Ҳавзу кӯлҳои мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», поёноби дарёи Вахшу  Кофарниҳон мавзеъҳои калидии ҷамъ омадани парандагон маҳсуб мешаванд. Дар ҳудуди Тоҷикистон солҳои охир зиёда аз 20 намуди парандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки ин ба тағйирёбии иқлим вобаста аст.

Абдусаттор Саидов ҳамзамон гуфт, ки дар байни парандагони Тоҷикистон намудҳое ҳастанд, ки ҳифзи онҳо аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Як хусусияти хоси парандагон аз он иборат аст, ки онҳо сарҳади маъмуриро намепарастанд. Дар байни парандагони Тоҷикистон беш аз 140 намуд парандагоне ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо ба категорияи кӯчанда дохил карда шудаанд.

Баъзе парандагоне ҳастанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон давоми чанд рӯз ба қайд гирифта мешаванд. Онҳо ҳангоми кӯчиш давлати моро аз қисмати ҷанубии Осиё ба қисмати шимолӣ ба сифати истгоҳ истифода мебаранд. Дар ин ҷо онҳо захираи энергетикии худро барқарор карда, парвози худро идома медиҳанд. Дар мавсимҳои гуногуни сол  парандагони зиёд аз мамлакати мо муҳоҷират мекунанд. Ғайр аз парандагони кӯчанда дар Тоҷикистон парандагоне ҳастанд, ки онҳо муқимӣ мебошанд. Шумораи ин парандагон тақрибан аз 180 намуд зиёдтар аст.

Ёдовар мешавем, ки 1 апрел ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии парандаҳо дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ин тасодуфӣ нест, зеро 1 апрели соли 1906 Конвенсияи байналмилалии ҳифзи парандагон ба имзо расидаст. Ин ид аз инсоният даъват мекунад, ки парандаҳоро дӯст дорем ва муҳофизат кунем. Муҳофизат ва ҳимояи  парандаҳо ва муҳити зиндагии онҳо – шарти зарурӣ барои ҳамзистии минбаъдии онҳо бо одамон аст. Аз байн рафтани намудҳои парандаҳо ба рангорангии табиат ва рӯзгори мо — одамон таҳдид мекунад. Инсонҳо имрӯз ва ҳамеша бояд бо таваҷҷуҳ нисбат ба парандагон ва тамоми табиат зиндагӣ ва фаъолият кунанд, зеро табиат асоси ҳастии мо буда, худи мо ҳам як узви табиат ҳастем. Ҳар нафари мо барои маҳви он чизе, ки сароғози маҳви зиндагии худи мост, ҷавобгар ҳастем!

Апрель 1, 2020 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид