ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Мастчоҳ ба сохтмони рамзи «Пахтаи шукуфон» шурӯъ намуданд
ДУШАНБЕ, 20.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашнҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Мастчоҳ– шаҳраки Бӯстон иншооти рамзи «Пахтаи шукуфон» сохта мешавад. Сохтмони рамзи мазкур оғоз шуда, сутунпояи он 10 метр, андозаи худи пахтаи шукуфон 5 метр, баландии умумии иншоот 17,4 метр мебошад. Дар болои сутунпоя ва поёни пахта, кураи Замин ва дар рўйи он навиштаҷоти «ноҳияи Мастчоҳ» дарҷ гардидааст. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳоимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Муаллифи лоиҳаи рамзи «Пахтаи шукуфон» сармеъмори ноҳия Муқимҷон Амонов ва пудратчии он ҶДММ «Манзара» мебошад.
Мастчоҳ калонтарин ноҳияи пахтакори вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, бунёди иншооти мазкур рамзи эҳтиром ба пахтакорони ноҳия мебошад.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад






