Дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид

Апрель 23, 2020 09:46

БОХТАР, 23.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид. Ба ғундоштани  ҳосил аввалин шуда хоҷагии деҳқонии «Раъно» шурӯъ кард. 

Тавре роҳбари хоҷагии деҳқонии  мазкур Қурбоналӣ Мусоев иттилоъ дод, онҳо дар масоҳати 2 гектар пиёзи навъи «Алдава» шинонидаанд.

«Имсол мо нақша дорем, ки 70 тонна пиёз ҷамъоварӣ намоем. Барои сари вақт ғундоштани  ҳосили пиёз 150 нафар сокинони маҳаллиро ба  кор ҷалб намудаем, ки онҳо бо шароити хуби кор ва  маош таъмин гардидаанд. Ҳамарӯза, ҳар нафаре, ки ба ҷамъоварии пиёз машғул мебошад, ҳаққи корашро  ба маблағи  50 сомонӣ ва 5 кило пиёз мегирад. Масоҳати умумии заминҳои  хоҷагии мо 4 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 2 гектар пиёз, 1 гектар ғалла ва 1 гектари дигари он  зироат шинонидаем»,- афзуд  Қурбоналӣ Мусоев.

Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Раъно» Қ.Мусоев иброз дошт, ки  тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат ҳар ваҷаб  заминҳои хоҷагиро самаранок истифода бурда, талош доранд аз он ду-се ҳосил рӯёнанд.

«Баъди ҷамъоварии пиёз мо дар ин заминҳо ҷуворимакка мешинонем»,- илова кард номбурда.

Тибқи иттилои шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, дар ноҳия дар масоҳати 318 гектар пиёз шинонида шудааст.

Кишоварзони ноҳия ба ҷамъоварии ҳосил 20 апрел оғоз намуда, то имрӯз 15 тонна  пиёз ғундошта, ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намудаанд.

Апрель 23, 2020 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ