Балҷувон: Вакилон боғ бунёд мекунанд
ДУШАНБЕ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон дар масоҳати 1,8 гектар боғи намунавӣ бунёд доранд. Он дар деҳаи Хироб ҷойгир буда, бо номи «Боғи вакилон» ёд мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Минбаъд ҳар як намояндаи халқ тӯли панҷ соли фаъолияти вакилӣ дар ин мавзеъ на кам аз 20 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида, дар нигоҳубинашон ҳисса мегузорад.
Ташаббуси мазкур дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати бунёди боғоти нав ва сабзазоркунии мавзеи зист, бахусус дар деҳотҷойҳо роҳандозӣ гардидааст.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






