Барои сарфароз гардонидани барандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе 508 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо шуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯйхати барандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2019 – 2020 тасдиқ гардид. Аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани барандагони стипендияи мазкур 508 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо шуд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 13 апрели соли 2010 ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гирандагони ин стипендия хонандагону донишҷӯёне буда метавонанд, ки дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон рафтори намунавӣ дошта (бо дарназардошти тавсияи хаттӣ аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ), бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд (мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир) ва дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он иштироки фаъолона дошта бошанд.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар сол барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. Ин иқдом бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи хонандагон ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон пайваста тадбирҳои муассир меандешад.
Соли 2019 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгор барои муаллимони фаъоли шаҳри Душанбе, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардидаанд, ба ҳар кадоме ба сифати мукофот 3 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ин туҳфаҳои молӣ ба 52 нафар омӯзгорони пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ, ки бахшида ба «Рӯзи забони давлатӣ» ва «Рӯзи омӯзгорон» дар Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ»-и пойтахт доир гардид, супорида шуданд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






