Бинобар коронавирус сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷаҳон коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 13.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи ҷинояткорӣ дар тамоми ҷаҳон коҳиш меёбад, зеро COVID-19 одамонро маҷбур месозад, ки дар хона бимонанд, хабар медиҳад Associated Press.
Агентии мазкур шаҳри Чикагои Америкаро чун мисол меорад, ки дар он аз лаҳзаи эълон шудани карантин теъдоди ҳабсҳои марбут ба маводи мухаддир нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42% кам гаштааст.
Дар умум, бо пайдо шудани пандемия ҷинояткорӣ дар Чикаго 10% коҳиш ёфта, ин тамоюл дар саросари олам ба назар мерасад. Аксари шаҳрҳои ИМА ва дигар кишварҳои ҷаҳон низ якбора кам гаштани ҷинояткориро тасдиқ кардаанд. Ҳамаи ин албатта, ба чораҳои паст кардани паҳншавии коронавирус иртибот доранд.
Зикр мешавад, ки ҳатто дар минтақаҳое, ки сатҳи зӯроварӣ аз ҳама беш аст, ба истиснои минтақаҳои ҷангӣ, вақтҳои охир одамкушӣ ва ғоратгарӣ хеле кам содир мешавад. Ҳамин тариқ, дар тамоми Америкаи Лотинӣ сатҳи ҷинояткорӣ дар муддати даҳсолаҳо ба таври бесобиқа коҳиш ёфтааст.
Вале бо вуҷуди ин, кормандони ҳифзи ҳуқуқро дар кишварҳои мухталиф афзудани ҳолатҳои хушунати оилавӣ, ки дар ҷое сабт нашудаанд, нигарон сохтааст. Ҳамчунин касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки бо бекор шудани маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус вазъият чӣ гуна тағйир меёбад.
АКС аз Associated Press.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






