Бинобар коронавирус сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷаҳон коҳиш ёфтааст

Апрель 13, 2020 11:27

ДУШАНБЕ, 13.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи ҷинояткорӣ дар тамоми ҷаҳон коҳиш меёбад, зеро COVID-19 одамонро маҷбур месозад, ки дар хона бимонанд, хабар медиҳад Associated Press.

Агентии мазкур шаҳри Чикагои Америкаро чун мисол меорад, ки дар он аз лаҳзаи эълон шудани карантин теъдоди ҳабсҳои марбут ба маводи мухаддир нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42% кам гаштааст.

Дар умум, бо пайдо шудани пандемия ҷинояткорӣ дар Чикаго 10% коҳиш ёфта, ин тамоюл дар саросари олам ба назар мерасад. Аксари шаҳрҳои ИМА ва дигар кишварҳои ҷаҳон низ якбора кам гаштани ҷинояткориро тасдиқ  кардаанд. Ҳамаи  ин албатта, ба чораҳои паст кардани паҳншавии коронавирус иртибот доранд.

Зикр мешавад, ки ҳатто дар минтақаҳое, ки сатҳи зӯроварӣ аз ҳама беш аст, ба истиснои минтақаҳои ҷангӣ,  вақтҳои охир одамкушӣ ва ғоратгарӣ хеле кам содир мешавад. Ҳамин тариқ, дар тамоми Америкаи Лотинӣ сатҳи ҷинояткорӣ дар муддати даҳсолаҳо  ба таври бесобиқа  коҳиш ёфтааст.

Вале бо вуҷуди ин, кормандони ҳифзи ҳуқуқро  дар кишварҳои мухталиф афзудани  ҳолатҳои хушунати оилавӣ, ки дар ҷое  сабт нашудаанд, нигарон  сохтааст. Ҳамчунин касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки бо бекор  шудани маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус вазъият чӣ гуна тағйир меёбад.

АКС аз Associated Press.

Апрель 13, 2020 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн