Чигити навъи Эдесса. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов кишти он ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 03.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии деҳқонии Яккатути ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд маъракаи кишти чигит оғоз гардид. Дар хоҷагии мазкур 99,63 гектар замини корам мавҷуд буда, дар назар аст, ки имсол дар 53,5 гектари он чигити навъи Эдесса кишт намоянд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд итттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маъракаи кишти пахта раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, ба кишоварзон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироат тавсияҳо дод.
Бояд тазаккур дод, ки хоҷагиии деҳқонии мазкур дар он заминҳое, ки дар ихтиёри худ дорад, инчунин кишти каду, гандум, беда ва сабзовот ба роҳ мондааст.
Ҳамчунин дар 15,2 гектар боғ бунёд шудааст, ки ҳамасола аз он даҳҳо намуди мева ҷамъоварӣ мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






