Чин ба Тоҷикистон либосҳои муҳофизатии тиббӣ кумак намуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Мардумии Чин барои ҷилавгирӣ аз сирояти коронавирус ба Тоҷикистон 1000 адад либоси муҳофизатии тиббӣ, панҷсад адад ҳароратсанҷ, 1000 адад айнак, пойафзол, дастпӯши тиббӣ ва дигар воситаҳои пешгирикунанда аз ин вирус кумак расонд. Инчунин кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон маҷмӯи реагентҳо барои муайян кардани кислотаҳои нуклеинии коронавируси COVID-19, ки ба мутахассисон имкон медиҳад то 2000 таҳқиқот гузаронанд, дастрас намуд.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин кумаки тиббиро 30 март дар гузаргоҳи марзии Қаросу, воқеъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ, то 1 апрел дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторшавӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз зуҳури ин эпидемия аз ҳама гуна роҳу воситаҳои пешгирикунанда ҳамаҷониба истифода менамояд. Дар мамлакат таҳти роҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст.
Боя гуфт, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 март коронавирусро пандемия эълон намуд.










ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






