Чин ба Тоҷикистон либосҳои муҳофизатии тиббӣ кумак намуд

Апрель 1, 2020 14:45

ДУШАНБЕ, 01.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Мардумии Чин барои ҷилавгирӣ аз сирояти коронавирус ба Тоҷикистон 1000 адад либоси муҳофизатии тиббӣ, панҷсад адад ҳароратсанҷ,  1000 адад айнак, пойафзол, дастпӯши тиббӣ ва дигар воситаҳои пешгирикунанда аз ин вирус кумак расонд. Инчунин кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон маҷмӯи реагентҳо барои  муайян кардани кислотаҳои нуклеинии коронавируси COVID-19, ки ба мутахассисон имкон медиҳад то 2000 таҳқиқот гузаронанд,  дастрас намуд.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин кумаки тиббиро  30 март дар гузаргоҳи марзии Қаросу, воқеъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ,  то 1 апрел дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторшавӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои  пешгирӣ аз зуҳури ин эпидемия аз ҳама гуна  роҳу воситаҳои пешгирикунанда ҳамаҷониба истифода менамояд. Дар мамлакат таҳти роҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ ситоди доимоамалкунандаи  ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст.

Боя гуфт, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 март коронавирусро  пандемия эълон намуд.

Апрель 1, 2020 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»