COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 2777 нафар расид
ДУШАНБЕ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 440 нафар зиёд шуда, дар маҷмӯъ 2777 касро ташкил медиҳад. Шумораи беморони шифоёфта ва фавтида низ дар ин кишвар зиёд шуда, мутаносибан ба 190 ва 24 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Ҳамчунин дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Украина шумораи беморони гирифтор ба COVID-19 ба 669 нафар, дар Арманистон ба 571, Қазоқистон ба 369, Ӯзбекистон ба 173, Беларус ба 163 ва Қирғизистон ба 111 нафар расид.
Дар Молдова ва Озарбойҷон шумораи гирифторон бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 353 ва 298 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ меафзояд. Масалан, то ин дам дар Россия 190 нафар, Беларус — 53, Арманистон — 31, Озарбойҷон — 26, Қазоқистон — 24, Молдова — 18, Украина – 10, Ӯзбекистон – 8 ва Қирғизистон — 3 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Дар баробари ин, дар Россия 24 ҳолат, Украина – 17, Озарбойҷон – 5, Молдова – 4, Арманистон – 3, Қазоқистон — 3, Ӯзбекистон — 2 ва Беларус — 1 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Бояд тазаккур дод, ки миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус бетағйир боқӣ монда, 196 нафарро ташкил медиҳад, ки панҷ нафари онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд.
Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 860 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора зиёда аз 42 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 178 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 33 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (188 592 нафар), Италия (105 792), Испания (95 923), Чин (81 554), Германия (71 808), Франсия (52 128), Эрон (44 605), Британияи Кабир (25 150), Швейтсария (16 605) ва Туркия (13 531) дохил мешаванд.
СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 200 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.
АКС аз Газета.ру








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






