COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 2777 нафар расид

Апрель 1, 2020 13:35

ДУШАНБЕ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 440 нафар зиёд шуда, дар маҷмӯъ 2777 касро ташкил медиҳад. Шумораи беморони шифоёфта ва фавтида низ дар ин кишвар  зиёд шуда, мутаносибан ба 190 ва 24 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Ҳамчунин дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Украина шумораи беморони гирифтор ба COVID-19 ба 669 нафар, дар Арманистон ба 571,  Қазоқистон ба 369,  Ӯзбекистон ба 173, Беларус ба 163 ва  Қирғизистон ба 111 нафар расид.

Дар Молдова ва Озарбойҷон шумораи гирифторон бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 353 ва 298 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ меафзояд. Масалан, то ин дам дар Россия 190 нафар, Беларус — 53, Арманистон — 31, Озарбойҷон — 26, Қазоқистон — 24, Молдова — 18, Украина – 10, Ӯзбекистон – 8 ва Қирғизистон — 3 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Дар баробари ин, дар Россия 24 ҳолат, Украина – 17, Озарбойҷон – 5, Молдова – 4, Арманистон – 3, Қазоқистон — 3, Ӯзбекистон — 2 ва Беларус — 1 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус бетағйир боқӣ монда, 196 нафарро ташкил медиҳад, ки панҷ нафари онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 860 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора  зиёда  аз 42 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 178 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 33 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (188 592 нафар), Италия (105 792), Испания (95 923), Чин (81 554), Германия (71 808), Франсия (52 128), Эрон (44 605), Британияи Кабир (25 150), Швейтсария (16 605) ва Туркия (13 531) дохил мешаванд.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 200 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

 

АКС аз Газета.ру

Апрель 1, 2020 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»