Дабири кулли СММ: 70 кишвар бар асари коронавирус амалиёти ҷангиро қатъ карданд

Апрель 7, 2020 10:11

ДУШАНБЕ, 07.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 70 кишвар даъвати Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро ҷонибдорӣ намуда, амалиёти ҷангиро дар давраи пандемияи COVID-19 қатъ карданд, изҳор дошт Антониу Гутерриш зимни нишасти матбуотии маҷозӣ, хабар медиҳад Vesti.ru.

Дабири кулл ба Сурия, ки дар он ҷо аввалин фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Созишномаи оташбас дар Идлиб ва созиши Россияву Туркия амалӣ мешаванд, менависад «Интерфакс» аз қавли Гутерриш. Аммо, муҳим аст, ки амалиёти низомӣ дар Ҷумҳурии Арабӣ комилан қатъ карда шаванд. Танҳо он вақт метавон ба шаҳрвандони ин кишвар кумаки башардӯстона расонд.

Ливия ба даъвати Дабири кулли СММ ҳамроҳ нашудааст. Аз ҷумла, дар Триполи мубориза, баръакс тақвият меёбад, зикр мекунад роҳбари дипломатияи ИА Жозеп Боррел.

Имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон зиёда аз як миллион нафар аз коронавируси COVID-19 сироят ёфта, беш аз 55 ҳазор нафар фавтидаанд.

Апрель 7, 2020 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид