Дар Академияи идоракунии давлатӣ доир ба роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус семинар доир гардид

Апрель 7, 2020 15:37

ДУШАНБЕ, 07.04.2020 /АМИТ«Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарон ва устодону кормандон оид ба пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла короновирус семинар баргузор гардид.

Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода бобати хуруҷ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ иброз дошт, ки “имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро бемории сироятии COVID-19 ба ташвиш овардааст. Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва бо дарназардошти риояи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, хушбахтона, хуруҷи ин беморӣ то ба имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо мо бояд фориғбол нашуда, тадбирҳои пешгирикунанда андешем”.

Зикр гардид, ки бо мақсади таъмини қоидаҳои санитарӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва безараргардонии бино, ҳуҷраву синфхонаҳо дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди фаврӣ ташкил гардида, рӯзҳои истироҳатӣ бо ҷалби мутахассисони ширкати «Фавз» корҳои тамизгардонӣ анҷом дода шуданд.

Мудири дармонгоҳи Академия  Намоз Исмоилзода иброз намуд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накардан, шустани дастон бо маҳлулҳои спиртдори антисептикӣ ва собун, тозагии муҳити зист, истеъмоли оби ошомидании ҷӯшонидашуда, сари вақт муроҷиат намудан ба духтури оилавӣ ҳангоми бад шудани вазъи саломатӣ ва роҳ надодан ба худмуолиҷакунӣ аз ҷумлаи тадбирҳои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ мебошанд.

Мавсуф зикр намуд, ки шарти асосии пешгирии ин беморӣ- риояи қоидаҳои санитарӣ, тозагии манзили зист, муҳити атроф ва аз ҳамдигар дар масофаи як метр дуртар муошират намудан, бо даст салом накардан ва ғайра мебошад. Ҳамчунин таъкид гашт, ки тамоми тавсияҳои табибону мутахассисон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, ҳамарӯза аз тарафи мутахассисони дармонгоҳи тиббии Академия миёни устодон, кормандону донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Апрель 7, 2020 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд