Дар Душанбе барои баргузории Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 120 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо гардид

Апрель 15, 2020 10:22

ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба баргузории даври шаҳрӣ ва ҳайати ҳакамони даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ гардид.  Аз ҳисоби маблаҳоғҳои  захиравии Раиси шаҳри Душанбе  барои ҳавасмандгардонии ғолибони озмун   ва хароҷоти вобаста ба он  120 ҳазору  600 сомонӣ  ҷудо гардид .

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, даври якум ва дуюми озмуни  «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»  тибқи муқаррароти Низомномаи  он, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 тасдиқ гардидааст, дар пойтахт ташкилу баргузор карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки  Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал соли 2019 баргузор шуд. Он аз рӯи панҷ номинатсия — оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ доир гардида, Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Имсол барои Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 140 000 (ду миллиону яксаду чил ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст. Барои Шоҳҷоизаи озмун 70 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.

Апрель 15, 2020 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад