Дар Душанбе китоби Халилуллоҳи Халилӣ оид ба рӯзгор ва таҳлили ашъори Мирзо Абдулқодири Бедил рӯнамоӣ гардид

Апрель 3, 2020 17:46

ДУШАНБЕ, 03.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии асари арзишманди  адабию таҳқиқии шоири садаи XX Халилуллоҳи  Халилӣ  бо номи «Файзи қудс», ки дар бораи  шарҳи аҳволу рӯзгор ва таҳлили ашъори Мирзо Абдулқодири Бедил қисса мекунад, баргузор шуд. Дар ҳамоиш адибону нависандагон, зиёиён, намояндагони сафоратҳои Афғонистону Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дӯстдорони каломи бадеъ  ширкат намуданд.

Зимни суҳбат муҳаррири китоб Мубашшир Акбарзод иброз дошт, ки «Файзи қудс» тақрибан 60 сол пеш ба чоп расида буд, вале бо ташаббуси сарвари Китобхонаи Халилуллоҳи  Халилӣ  дар Тоҷикистон  Ҷаъфар Ранҷбар баргардон  ва инак рӯнамоӣ гардид.

Ба андешаи Мубашшир Акбарзод, китоби «Файзи қудс»-и устод Халилуллоҳи  Халилӣ  хеле арзишманд аст, аз нигоҳи он ки рӯзгору осори Бедилро муаррифӣ мекунад. «Агарчи ҳаҷман китоби бузург нест, вале  ба хонанда дар бораи Бедил, зиндагӣ ва осори ӯ маълумоти кофӣ медиҳад, афзуд муҳаррири китоб.

Халилуллоҳи  Халилӣ  аз чеҳраҳои дурахшони адабу шеъру фарҳанги кишвари ба мо дӯсту ҳамҷавору ҳамзабони  Афғонистон маҳсуб мешавад. Шеъру осораш дар сатҳи минтақа ва забони тоҷикӣ -форсӣ аз шуҳрати хосса бархурдор аст.

Ба андешаи корманди Иниститути забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакии Акадмияи миллии илмҳо Ҷамолиддин Саидзода, мушаххасан дар бораи китоби «Файзи қудс», ки яке аз таҳқиқоти вижа ва хонданӣ дар бораи аҳволу рӯзгор ва таҳлили ашъори Мирзо Абдулқодири Бедил маҳсуб мешавад, муаллиф кори бисёр пурарзише ба анҷом расонидааст.  Имрӯз бозгардон кардани ин китоб бо ҳарфи кириллӣ аз ҳабс озод кардану аз  алифбои гунги арабӣ озод кардану дар ихтиёри омма гузоштан беҳтарин кор  маҳсуб мешавад.

Ба андешаи Ҷамолиддин Саидзода, китоби «Файзи қудс»-и Халилуллоҳи  Халилӣ ба хонанда тамоми ҷузъиёти зиндагии Мирзо Абдулқодири Бедилро, ки имрӯз ба афсона ғӯтидаасту мардум ба он тақлиди кӯр-кӯрона доранд, бозгӯ мекунад.  Устод Халилуллоҳи  Халилӣ оид ба он бисёр мунсифона таҳқиқот бурда, дар бораи чизҳое, ки ба Бедил иртибот надоранд,  маълумот медиҳад.

-Агарчӣ  рӯзгор, осор ва  саргузашти  Мирзо Абдулқодири Бедил  аз ҷониби бисёр донишмандон мавриди таҳқиқ қарор гирифта бошад ҳам, китоби «Файзи қудс»-и Халилуллоҳи  Халилӣ бисёр паҳлуҳои нозуки зиндагии ин абармарди шеърро таҳқиқ кардааст,- гуфт зимни суҳбат бо мо нависанда ва муҳаққиқи тоҷик Муҳтарам Ҳотам.  Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, китоби мазкур   барои шиносоии комил пайдо кардан бо рӯзгор ва аҳволи Мирзо Абдуқодири Бедил ба хонандаи тоҷик маълумоти саҳеҳ хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки китоби «Файзи қудс»-и Халилуллоҳи  Халилӣ барои доираи васеи донишҷӯён, муҳаққиқон ва онҳое, ки бо сухан сару кор доранд, хеле судманд буда,  тавсия мешавад.

Китоб бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти ҶДММ «Ганҷи хирад» ба табъ расидааст. Хонандагон имкон доранд ин китобро аз Киобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас намоянд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Апрель 3, 2020 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд